Марк Зукерберг
Марк Эллиот Зукерберг (англ. Mark Elliot Zuckerberg, [ˈzʌkərbɜːrɡ]; зод. 14 май 1984[1][2][3], Вайт Плейнс, иёлати Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) — барноманависи роёна ва яке аз муассисони вебгоҳи шабакаи иҷтимоии онлайни Фейсбук дар Амрико аст. Маҷаллаи Тайм (маҷалла) вайро ба унвони шахсияти соли 2010 интихоб кардааст.
англ. Mark Elliot Zuckerberg | |
Таърихи таваллуд | 14 май 1984[1][2][3] (40 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | барномасоз, корофарин, муҳандиси роёна, patron of the arts, мудири ъомили иҷроӣ, башардӯст |
Падар | Edward Zuckerberg[d] |
Модар | Karen Kempner[d] |
Ҳамсар | Priscilla Chan[d][5] |
Фарзанд | Maxima Chan Zuckerberg[d], August Chan Zuckerberg[d] ва Aurelia Chan Zuckerberg[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишМарк Эллиот Тсукерберг 14 майи соли 1984 дар Уайт Плейнз, Ню Йорк, ИМА дар оилаи яҳудия ба дунё омадааст. Падараш — пизишки дандон (стоматолог) Эдвард Тсукерберг. Модараш — равоншинос (психиатр) Карен Тсукерберг. Ӯ фарзанди дуюм ва ягона писар дар оила мебошад. Хоҳаронаш — Ренди (калонӣ), Донна ва Ариэл. Марк Тсукерберг таҳсилоти олиашро пурра ба охир нарасонидааст. Ӯ соли 2002 ба донишгоҳи Ҳарвард бо ихтисоси равоншиносӣ таҳсил карда то соли 2004 таҳсил кардааст. Марк инчунин бо барномасозии «C, C++, Java, Visual Basic, VBscript, JavaScript, PHP и ASP» машғул буд. Дар овони ҷавониаш дар мактаби шахсии Phillips Exceter Academy дар иёлати Ню Ҳемпшире Марк Эллиот Зукерберг идеяи Фейсбукро дошт. Ҳамасола дар мактаб китобе бо номҳо, нишонаҳо ва аксҳои хонандагон бо номи Facebook «китоби рухсор» нашр мешуд. Вақте ки Тсукерберг ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд, вай бо ташаббуси сохтани шабакаи иҷтимоии монанди китоби мактабиро пешниҳод намуд, аммо мудирияти аз сабаби сиёсати нақзи муаллифон ва ашхос пешниҳоди Маркро рад мекунад. Баъдан 28 октябри соли 2003 Марк Эллиот Зукерберг, дар курси дуюм барои вебгоҳи Facemash барномарезӣ мекунад, ки дар он аксҳо, ки ҷуфт гузошта мешуданд ва ҳадаф интихоби зеботар аз ду ва ё зиёда нафарон буд.
Барои ба ҳадафшояш расидан, Зукерберг бахшҳои ҳифзшудаи шабакаи компютерии донишгоҳи Ҳарвардро шикаста аксҳои хусусии донишҷӯёнро нусхабардорӣ мекунад. Дар он сол Ҳарвард албоми донишҷӯёнро надошт (феҳристи аксҳо ва иттилооти асосӣ). Facemash 450 тамошобинон ҷалб намуд, ки муддати ду соати аввали кори вебгоҳ 22 000 тамошои аксҳоро анҷом доданд.
Вебгоҳ тез байни донишҷӯён машҳур шуд ва баъди якчанд рӯз аз сӯи мудирияти Ҳарвард баста шуд. Зукербергро барои ба қоидаҳо риоя накарданаш айбдор карданд ва аз донишгоҳ бояд хориҷ мекарданд. Дертар айбҳои ӯро гирифтанд. Зукерберг баъд ба лоиҳаи якуми худ диққати худро пеш гузошт. Вай вебгоҳеро барои ҳамсабақони худ боз намуд, ки онҳо ҳама дар бораи лоиҳа назарҳои худро менавиштанд. Ҳамроҳи Крис Хюз ва Дастин Московитс ӯ ба ихтирои шабакаи иҷитимоии Facebook шурӯъ карда буд. Дар нимсолаи минбаъда, дар моҳи январи соли 2004, Зукерберг ба барномарезӣ барои вебгоҳи наве шурӯъ кард. Аз мақолаи дар Harvard Crimson дар бораи рӯйдодҳои рухдода бо Facemash рӯҳбаланд шуд. 4 феврали соли 2004 Марк Эллиот Зукерберг вебгоҳи наверо бо номи The Facebook бо нишонаи the facebook.com боз кард. Идеяи номи Facebook аз солҳои мактаби Марк Зукерберг аст. Дар мактаби хусусии Phillips Exeter Academy, ки дар он Марк таҳсил кардааст, китоберо ба ҳар хатмкунанда медоданд, ки дар он аксҳо, нишонаҳо ва рақамҳои телефонҳои ҳамсинфон ҷой дода шуда буданд. Номи аслии ин китоб «The Photo Address Book» буд, аммо ҳамаи хонандагон онро «The Facebook» меномиданд[6]. Дар соли 2008, маҷаллаи Forbes ӯро ҷавонтарин миллиардере, ки сарваташро шахсан касб кард муаррифӣ кард ва сарвати ӯро $1.5 миллиард доллар тахмин задааст. Ҳамакнун вебгоҳи Фейсбук дороиҳои вайро $45 миллиард доллар эълон карда аст. Дар соли 2010 ӯ ба унвони Шахсияти соли аз сӯи маҷаллаи Тайм интихоб шуда буд.
Филм
вироишДар соли 2010 филме бо унвони «Шабакаи Иҷтимоӣ» ба коргардони Давид Финчер дар мавриди Марк Тсукерберг ва Фейсбук сохта шуд. Ин филм, ки бар асоси китоби миллиардерҳои тасодуфӣ навиштаи Бен Мезрик таҳия шуда, ба наҳваи шаклгирӣ ва таъсиси Фейсбук ва масоил ва кашмакашҳои перомуни он мепардозад. Қобили зикр аст, ки на Марк Тсукерберг ва на ҳеч кадом аз шарикони наздики вай дар таҳия ва сохтани филм ҳамкорӣ надоштанд.
Тсукерберг як яҳудизодаест, вале ба аъзоби яҳудӣ худ шудааст.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
- ↑ 2.0 2.1 GeneaStar
- ↑ 3.0 3.1 Munzinger Personen (нем.)
- ↑ LIBRIS — National Library of Sweden, 2011.
- ↑ Facebook's Mark Zuckerberg marries Priscilla Chan — CBS News, 2012.
- ↑ Аз Википедиаи Русӣ http://ru.wikipedia.org/wiki/Facebook#.D0.98.D1.81.D1.82.D0.BE.D1.80.D0.B8.D1.8F