Фейсбук (англ. Facebook) — ширкати эҷодкунандаи вебгоҳи Фейсбук аст, ки дар 4 феврали соли 2004 ба вуҷуд омад. Аз шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ аст, ки ба воситаи он метавон бо дустоне, ки дорои ҳисоби корбарӣ дар Фейсбук ҳастанд акс, филм ё пайғом ба иштирок гузошт. Фейсбук ҳамакнун ба таври ройгон дар ихтиёри мардуми ҷаҳон қарор дорад.

Нишонаи расмии Фейсбук

Вебгоҳи Фейсбук беш аз як миллион корбар дорад ва ҳамакнун ба 40 забон аз ҷумла форсӣ, тоҷикӣ, қобили дастраси ва 80 дарсад аз корбарони он дар хориҷ аз ИМА ҳастанд. Мудири Фейсбук Марк Эллиот Тсукерберг мебошад.

Марк Тсукерберг дар хобгоҳи Донишгоҳи Ҳарвард

Муҳити Фейсбук дар воқеъ маҷлисе аз дустони як корбар ба шумор меояд. Фейсбук бо ироаи имкон узвгирӣ дар теъдоди боло, ба корбарон иҷоза медиҳад то дар ҳар лаҳзаи дустони ҷадидро ба маҷмуаъи дустони худ изофа кунанд.

Корбарон дар Фейсбук дорои як саҳифаи шахсӣ ҳастанд. Метавонанд гурӯҳ таъсис кунанд ва ё дар гурӯҳҳои дигар узв шаванд. Корбарон метавонанд барои худ ва шояд ҳам барои колое, ки тавлид мекунанд сафҳае ҷудогона тароҳӣ кунанд то дигарон ҳам дар он сафҳот узв шаванд ва пешниҳодҳо ва интиқодҳои худро ироаъ диҳанд.

Корбарони Фейсбук барои Шумо ба панҷ гуруҳ табақабандӣ мешаванд;дустон, дустони дустон, аъзои ҳамшабака, ғарибаҳо ва корбароне, ки аҳёнан бастаанд (блок кардаед). Фейсбук нармафзорҳо, абзорҳои ҷониби хос ва бозиҳои бархати (онлайн) гуногуне дорад, ки корбар метавонад бо таваҷӯҳ ба ниёзи зуд аз онҳо истифода кунад. (Дар Фейсбук бо номи Apps ёд шудааст.)

Таърих

вироиш
Мақолаи асосӣ: Таърихи Фейсбук

Дар овони ҷавониаш дар мактаби шахсии Phillips Exceter Academy дар иёлати Ню Ҳемпшире Марк Эллиот Тсукерберг идеяи Фейсбукро дошт. Ҳамасола дар мактаб китобе бо номҳо, нишонаҳо ва аксҳои хонандагон бо номи Facebook "китоби рухсор" нашр мешуд. Вақте ки Тсукерберг ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуд, вай бо ташабуси сохтани шабакаи иҷтимоии монанди китоби мактабиро пешниҳод намуд, аммо мудирияти аз сабаби сиёсати нақзи муаллифон ва ашхос пешниҳоди Маркро рад мекунад. Баъдан 28 октябри соли 2003 Марк Тсукерберг, дар курси дуюм барои вебгоҳи Facemash барномарезӣ мекунад, ки дар он аксҳо, ки ҷуфт гузошта мешуданд ва хадаф интихоби зеботар аз ду ва ё зиёда нафаро одамон буд.

Барои ба ҳадафҳояш расидан, Тсукерберг бахшҳои ҳифзшудаи шабакаи компютерии донишгоҳи Ҳарвардро шикаста аксҳои хусусии донишҷӯёнро нусхабардорӣ мекунад. Дар он сол Ҳарвард албоми донишҷӯёнро надошт (феҳристи аксҳо ва иттилооти асосӣ). Facemash 450 тамошобинон ҷалб набуд, ки муддати ду соати аввали кори вебгоҳ 22 000 тамошои аксҳоро анҷом доданд.

Вебгоҳ тез байни донишҷӯён машҳур шуд ва баъди якчанд рӯз аз сӯи мудирияти Ҳарвард баста шуд. Тсукербергро барои ба қоидаҳо риоя накарданаш айбдор карданд ва аз донишгоҳ бояд хориҷ мекарданд. Дертар айбзои ӯро гирифтанд. Тсукерберг баъд ба лоиҳаи якуми худ диққати худро пеш гузошт. Вай вебгоҳеро барои ҳамсабақони худ боз намуд, ки онҳо ҳама дар бораи лоиҳа назарҳои худро менавиштанд.

Дар нимсолаи минбаъда, дар мохи январи соли 2004, Тсукерберг ба барномарезӣ барои вебгоҳи наве шурӯъ кард. Аз мақолаи дар Harvard Crimson дар бораи рӯйдодҳои рухдода бо Facemash руҳбаланд шуд. 4 феврали соли 2004 Марк Тсукерберг вебгоҳи наверо бо номи The Facebook бо нишонаи the facebook.com боз кард. Идеяи номи Facebook аз солҳои мактаби Марк Тсукерберг аст. Дар мактаби хусусии Phillips Exeter Academy, ки дар он Марк таҳсил кардааст, китоберо ба ҳар хатмкунанда медоданд, ки дар он аксҳо, нишонаҳо ва рақамҳои телефонҳои ҳамсинфон ҷой дода шуда буданд. Номи аслии ин китоб «The Photo Address Book» буд, аммо ҳамаи хонандагон онро «The Facebook» меномиданд[7].

Интиқодҳо ба Фейсбук

вироиш
 
██ Facebook

Ҷулиан Ассанж, муасиси вебгоҳи Викиликз мегуяд:

«Фейсбук танфуромезтарин абзори ҷосусӣ аст, ки то кунун эҷод шудааст. Ҳар касе, ки ному мушаххасоти дустони худро ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук изофа мекунад бояд бидонад, ки ба шакли ройгон дар хидмати Дастгоҳҳои Иттилотии Амрикост ва ин ганҷинаи иттилоотиро барои онҳо такмил мекунад.»

[8]

Ба гуфтаи вай Фейсбук як ганҷинаи иттилоотӣ бисёр бузург аз ном ва пешинаи афрод аст, ки корбаронро ба шакли довталаб дар ихтиёри ин шабакаи иҷтимоӣ қарор медиҳанд вале ин абзор тавассути дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоотии Амрико мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дастрасии ин дастгоҳҳои иттилоотӣ ба иттилооти захирашуда дар Фейсбук онро ба як абзори хатарнок ба дил кардааст.

Соли 2015

вироиш

24 августи соли 2015, дар шабакаи Фейсбук (Facebook) зиёда аз як миллиард афроди ҷаҳон сабти ном гардидааст. Асосгузори шабакаи иҷтимоӣ, Марк Тсукербер, доир ба ин воқеот чунин гуфтааст:

"Ин шаҳодати он аст, ҳар як фарди ҳафтумини кураи замин шабакаи Фейсбукро барои мусоҳиба бо дӯстон ва оила истифода бурда истодааст. Ин амал оғози муттаҳидшавии башарияти ҷаҳон аст.

Мувофиқи ҳисоботи нашршудаи моҳи июни соли 2015, ба ҳисоби миёна пайваста аз шабакаи иҷтимоӣ 986 млн нафар рӯзона истифода мебаранд. Аз он ҷумла, 844 млн ба воситаи дастгоҳҳои мобилӣ аз ин шабака муттасил истифода мебаранд. Истифодабарандагони Фейсбук дар як моҳ 1,5 млрд ташкил медиҳад. Соли 2012 шумораи истифодабарандагони сабтгардидаи шабакаи Фейсбук зиёда аз 1 миллиардро ташкил додааст.

Соли 2016

вироиш

Соли 2016 ширкати Facebook $10,217 млрд даромади соф гирифтааст, ҷамъи даромад — $27,638 млрд. Нисбат ба соли 2015 года ҳаҷми даромад — 177 % ташкил кардааст[9]

Бастани Фейсбук

вироиш

Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ҳукуматҳо ширкатҳои ироакунандаи интернетро маҷбур мекунанд, ки дастраси ба шабакаи иҷтимоиро маҳдуд ё комилан бубанданд. Ба гурӯҳи ин кишварҳо шомиланд: Эрон, Чин, Покистон, Сурия, Бангладеш, Туркманистон[10], Тоҷикистон. Бештар ин мамоният бо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматҳо вобаста аст ва ё бастани шабакаҳо як чорабиниест зидди дигарандешии динӣ бошад.

3 марти соли 2012 бо як мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоӣ баста шуд[11]. 9 марти соли 2012 дар Тоҷикистон бархе аз ироакунандагони интернет дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Фейсбукро боз карданд.

Маротибаи дуюм шабакаи иҷтимоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли 2012 баста шуд.

Нигаред низ

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш