Мақбара

(Тағйири масир аз Марқад)

Мақбара (ар. مقبره‎ — маҳалли қабр), оромгоҳ, марқад, турбат, мадфан — бинои ёдгории болои қабр, мавзолей [1].

Мақбара

Мақсад аз сохтани мақбара як навъ пос ва боқӣ доштани ёди шахси марҳум аст. Анъанаи сохтмони мақбара дар давраҳои муайяни таърихӣ ва дар байни халқҳо тафовути ҷиддӣ дорад. Масалан дар Юнони Қадим (3000 — 2400 то мелод) мақбараро аз сангҳои калонҳаҷм ва ба шакли аҳроми чорпаҳлу сохта бо гаҷи сафед руйкаш мекарданд.

Дар Эрони қадим шоҳон ва дигар одамони машҳурро дар мақбараҳое мегӯрониданд, ки намои баъзеи онҳо намои хони иқоматиро ба хотир меовард. Мардум чунин ақида доштанд, ки мақбара ин хонаи абадии маит мебошад. Дар Эрон мақбараҳое ҳастанд, ки ба шакли манора сохта шудаанд.

Дар Осиёи Миёна анъанаи махсуси гӯронидани ҷасади маит ва сохтани мақбара вучуд дошт. Дар давраҳои хеле қадим ҷасади маитро дар ҷойҳои махсус мегурониданд. Чунин расми гуронидани ҷасади маит ба оини зардуштӣ хос буд, ва ин анъана то истилои арабҳо дар Осиёи Миёна давом дошт.

Баъди ҳукумрон гардидани Хилофати Араб дар Мовароуннаҳр анъанаҳову [маросим]ҳои дафни мусулмонӣ пурра ҷорӣ гардида бо мурури замон мақбараву оромгоҳҳои шахсиятҳои бузург - ҳокимони давр, шайху эшонҳо, уламои дини ислом ба миён омадаанд, ки зиёраткунандагон онҳоро пос медоранд.

Нигаред

вироиш