Зиёратгоҳҳои Тоҷикистон

Зиёратгоҳ (форсӣ: زیارتگاه‎‎) — маҳалли зиёрат, ҷои муқаддас, марқади шахсиятҳои бузург, ки мардум ба зиёрати он мераванд.

Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ 133 адад (Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ −26, Бохтар −8, Кӯлоб −16, Суғд −52, ВМКБ −22, Рашт — 9) зиёратгоҳ, мазор ва мақбараҳои «муқаддас» мавҷуд буда, ҳамагӣ 16 адади онҳо ҳамчун ёдгории таърихӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ ба қайд гирифта шудаанд.[1]

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

вироиш

Дар ҳудуди Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 мазору мақбара ба макони зиёрати мардум табдил ёфтаанд, аз ҷумла:

  • Мазори «Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ» дар ҳудуди сохтмони НБО «Роғун» мавҷуд буда, аз рӯйи ривоятҳо охирин дар ҳамин ҷой гӯронида шудааст. Контингенти зиёраткунандагонро шахсони солхӯрда ва нафарони ба касалии рӯҳӣ гирифтор ташкил медиҳанд.
  • Мазори «Балогардон» дар ҷ/д Истиқлоли ш.Турсунзода ҷойгир буда, дар асри XII—XIII сохта шудааст. Рӯзҳои чоршанбеи фасли тобистон тақрибан 1000—1200 нафар зиёраткунандагон ба ин маҳал ташриф меоранд.
  • Мақбараи «Хоҷа Нақшрон» дар ҳудуди ҷ/д Т.Туйчиеви ш. Турсунзода ҷойгир мебошад. Яке аз ёдгориҳои таърихии асрҳои XI—XII ба шумор рафта, аз ҷониби муаррихон-бостоншиносон Б.Литвинский (соли 1952), Атохонов Т. М. ва Мамадназаров М.Ҳ. (1985) таҳқиқ карда шудааст (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав зиёратгоҳҳои «Патру», «Шунук» (ҷ/д Сабо), «Чашмаи моҳиён», «Такягоҳи бобои Валӣ» (ҷ/д Чуст) ва дар ҷ/д А.Ҳасанов 2 мазори бе ном мавҷуд мебошанд, ки оид ба таърихи пайдоиши онҳо маълумоти дақиқ нест. Контингенти зиёраткунандагонро 10-20 нафар пиронсолону занон ташкил медиҳад.
  • Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ» (дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ) аз соли 1512 ҳамчун зиёратгоҳ фаъолият менамояд.
  • Мақбараҳои «Саидқаландаршоҳ» ё «Мавлавӣ Ҷунунӣ» ва «Ҳазрати Саид Шоҳабдулатиф» дар ҷ/д Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир буда, соли 1989 аз нав барқарор ва ҳамчун зиёратгоҳ истифода мешаванд.
  • Таърихи пайдоиши мазори «Ҳазрати Бузургмеҳр», воқеъ дар деҳаи Мағмуруди ҷ/д Роҳатӣ, ба асри XVI рост меояд. Бо 13 чанори бузург иҳота гардида, номи мушаххаси нафареро, ки дар ин макон дафн шудааст, касе намедонад, бинобар ин, «Бузургмеҳр» ном ниҳодаанд.
  • Зиёратгоҳи «Остона-бобо» дар ҳудуди деҳаи Хоҷабулбулони ҷ/д Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд буда, тахминан 14 аср пеш пайдо шудааст. Ному насабаш маълум нест. Мардум ӯро яке аз саҳобагони давраи Муҳаммад мехонанд.
  • Мақбараи «Махдуми Аъзам» дар деҳаи Ҳисори ҷ/д Ҳисори шаҳри Ҳисор ҷойгир мебошад. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, Махдуми Аъзам дар асри X зиндагӣ карда, мақбарааш ду маротиба тармиму таҷдид шудааст (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Мазори «Халифаи Шаҳид» дар ҷ/д Ҳисор ба асри XIX рост меояд. Тибқи ривояти мардум, номбурда аз тарафи мири Ҳисор қатл гардида, дар ҳамин макон гӯронида шудааст.
  • Мазори «Чилтан» дар ҷ/д М.Ризоӣ ҷойгир буда, дар он гӯё яке аз бародарони Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба хок супурда шудааст.
  • Зиёратгоҳҳои «Хоҷа Наврӯз» ва «Ҳоҷа Гумбаз» дар ҷ/д Чорбоғ ва ҷ/д С.Айнии ноҳияи Варзоб, тақрибан дар асри XVIII пайдо шудаанд.
  • Се зиёратгоҳ дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳмалик, Варзобқалъа ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб бо номҳои «Хоҷа Бобои Валӣ», «Хоҷа Оби Гарм» ва «Хоҷа Сангхок» ба асрҳои XVI—XVII рост меоянд.[1] Тибқи ривоятҳо гӯё афроди дар ин макон дафншуда баъди ҳуҷуми арабҳо аз Бухоро гуреза шуда, ба минтақаи Варзоб омадаанду дар ҳамин маҳал зиндагӣ ихтиёр кардаанд.

Минтақаи Бохтари вилояти Хатлон

вироиш

Дар ҳудуди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 8 мазору мақбара ба макони зиёрати мардум табдил ёфтаанд, аз ҷумла:

  • Мазори «Шоҳи Аҳтамҷон» дар ҳудуди ҷ/д Озодагони ноҳияи Панҷ ҷойгир аст. Аз рӯйи қиссаҳои сокинони маҳаллӣ, ин «шоҳ» тақрибан 100—200 сол пеш ҳангоми шикор дар кӯҳи Қаратоғ аз тарафи ашхоси номаълум кушта шуда, дар ҳамин макон дафн мегардад.
  • Шахсе, ки дар мазори «Бобои Балогардон»-и ҷ/д Дуконии шаҳри Норак гӯронида шудааст, гӯё Хоҷа Абдулҳай Балогардони эронитабор буда, зимни сафараш ба водии Ховалинг дар роҳи деҳаи Найзирак фавтидааст.
  • Инчунин, дар деҳаи Кибили ҷ/д Пули Сангини ш. Норак мазори Эшони Сорбонҷон ҷойгир мебошад.
  • Зиёратгоҳҳои «Имом Зайналобиддин» дар ҳудуди ҷ/д Г.Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ ва «Масҷиди зери замин» дар ҷ/д Фахрободи ноҳияи Хуросон таърихи қадима доранд. Ба маконҳои зиёратии «Ҳазрати Гулчечак»-и ҷ/д Қизил-қалъаи ноҳияи Хуросон, «Чилучорчашма»-и ҷ/д Истиқлоли ноҳияи Н.Хусрав ва «Хоҷа Машҳад»-и ҷ/д Садриддинови ноҳияи Шаҳритус теъдоди зиёди сокинон меоянд (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).

Минтақаи Кӯлоб вилояти Хатлон

вироиш
  • Аз 16 адад зиёратгоҳ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Вазорати фарҳанги ҶТ 8-тои онро ҳамчун ёдгории таърихӣ ба қайд гирифтааст.
  • Мақбараи «Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» — ёдгории таърихии монументалии асри XIX буда, зиёраткунандагон аз дохил ва хориҷи кишвар, асосан дар фасли тобистон ба ин макон меоянд. (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Мақбараи «Хоҷа Абуисҳоқи Хатлонӣ» соли 1993 сохта шуда, соли 2015 бори дигар азнавсозӣ гардид. Таърихи 500 сола дорад (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Зиёратгоҳҳои «Ҳазрати Шоҳи Якқоша» ва «Мазори Лангар» дар деҳаи Шаҳидони ҷ/д Сарихосори ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, тахминан дар асри XIX пайдо шудаанд. Ҳар сол дар фасли тобистон то 200 нафар ин мақбараҳоро зиёрат мекунанд. Инчунин, тақрибан 100 нафар ҳар сол ба зиёратгоҳҳои «Шоҳ Неъматуллои Заробӣ» ва «Хоҷа Исмоил»-и деҳаи Саримазори ҷ/д С.Амиршоеви ҳамин ноҳия меоянд.
  • Мақбараи «Султон Увайси Қаранӣ» дар ҷ/д Ҷонбахши ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 592-и мелодӣ дар шаҳри Қарани Яман таваллуд ва соли 657 дар ҳамин ҷо вафот кардааст. Миллаташ араб. Мазори «Султон Увайси Қаранӣ соли 1992 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Х.Маҷидов сохта шудааст. Соли 2004 тибқи қарори раиси ноҳияи Ховалинг „Мазори Ҳазрати Султон“ ҳамчун мамнуъгоҳи таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми 8 моҳи соли 2019 беш аз 22 ҳазор нафар ба аёдати ин макон омадаанд (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Дар ҳудуди ноҳияи Шоҳин мазорҳои „Шайх Ёрмуҳаммади Валӣ“, „Шайх Муҳаммадамони Валӣ“, „Робиямоҳи чилгазам“, „Имом Ҷаъфари Сидиқ“ ва „Имом Аскар“ ҳамчун ёдгории таърихӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги ҶТ ба қайд гирифта шудаанд.
  • Мақбараи „Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ“ соли 2019 аз ҷониби Дирексияи сохтмони назди Президенти ҶТ якҷоя бо Вазорати фарҳанги ҶТ аз таъмир бароварда шудааст. Шоири халқӣ Ҳусайни Кангуртӣ соли 1920 дар ҷ/д Кангурти ноҳияи Темурмалик дафн карда шудааст (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Дар ҳамин ҷамоати деҳот мақбараи „Ҳазрати Мавлавӣ Юсуфҷон“ низ соли 2019 аз ҷониби Дирексияи сохтмони назди Президенти ҶТ ва Вазорати фарҳанги ҶТ таъмир гардидааст. Номбурда зодаи шаҳри Калкутаи Ҳиндустон буда, дар асрҳои XIX—XX зиндагӣ кардааст (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Таърихи пайдоиши мазори „Хоҷа Муъмин“ аз асри VIII оғоз ёфтааст. Тибқи ривоятҳо, як гурӯҳи арабҳо баъди ишғоли Хуросону Мовароуннаҳр дар гирду атрофи кӯҳи Меғатон маскан гирифта, ба сокинон таълимоти динӣ омӯхтаанд. Аз ҳамон давра муридони Хоҷа Абдулмуъмини Валӣ кӯҳи Меғатонро ҳамчун макони зиёратгоҳ ба номи ӯ табдил додаанд. Дар давоми як ҳафта то 30 нафар сокинон ин маконро зиёрат мекунанд.[1]

Вилояти Суғд

вироиш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 52 мазору зиёратгоҳ мавҷуд буда, теъдоди зиёди одамон ин маконҳоро зиёрат мекунанд.

  • Дар шаҳри Истаравшан зиёратгоҳи „Мазори озах“ дар маҳаллаи Сари баландӣ, пайдоишаш тахминан 800 сол қабл, мазорҳои „Ҳазрати Шоҳ“ дар маҳаллаи Суғдиён (асри VIII), „Сабристон Бобо“ дар ҷ/д Сабристон (асри VIII), „Сари Мазор“ дар ҷ/д Гули сурх (асри XVI), „Қарасақол бобо“ дар ҷ/д Нофароҷ (тахминан асрҳои VIII—IX), „Масҷиди ҳавзи сангин“ (асри VII) вуҷуд доранд.
  • Таърихи пайдоиши мазорҳои „Хоҷа Насруллои Ансорӣ“ дар деҳаи Қалъача, „Чимирғонбобо“, „Балогардон“ дар ҳудуди ҷ/д Ворух (замони пайдоишаш 600 сол қабл) ва Мақбараи Ҳазрати Шоҳ (номгузориҳои маҳаллӣ — Ҳазрати Бобо, Лангарбобо, Амир Ҳамзаи Соҳибқирон) — ёдгории меъмории асрҳои XI—XII дар Ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара.
  • Дар ноҳияи Айнӣ мақбараи шоир „Нақибхони Туғрал“ дар ҷ/д Зосун ва мазори „Саид Исҳоқи Валӣ“ дар деҳаи Махшевади ҷ/д Фондарё (асри VII) аз тарафи мардум ба зиёратгоҳ табдил ёфтаанд (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Мақбараи „Хоҷа Муҳаммади Башоро“ дар ҷ/д Л.Шералии шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, дар асрҳои X—XII сохта шудааст (ҳамчун филиали осорхонаи шаҳри Панҷакент дар қайд аст).
  • Мақбараи шоир „Юсуф-Вафо“ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1980 ташкил гардида, мазорҳои „Ҳазрати Довуд“ ва „Олами Оламиён“ дар асри X пайдо шудаанд (дар қайди Вазорати фарҳанги ҶТ қарор дорад).
  • Тибқи қиссаҳои мардум зиёратгоҳҳои „Хоҷа Мададгор“ ба асри XVIII, „Хоҷа Илғорбошӣ“, „Хоҷа Сӯфи Абдураҳмон“ дар ҷ/д Сомонӣ ба асрҳои XV—XVI ва „Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ“ дар деҳаи Угуки ҷ/д Ваҳдати ноҳияи Деваштич асрҳои X—XI алоқаманд мебошанд.
  • Зиёратгоҳҳои „Оқтоша“, „Туятош ота“, инчунин „Ҳазрати Мулло“ ва „Қутирота“ дар ноҳияи Шаҳристон миёни аҳолӣ ҳамчун оромгоҳҳои „пири дорбозон“ ва шифобахши бемориҳои пӯст муаррифӣ шуда, таърихи пайдоишашон гӯё аз асрҳои VII—VIII ибтидо мегиранд.
  • Дар ҷ/д Деҳмой зиёратгоҳи „Ҷома кабутпӯш“ ва мазори „Қавс“, ҷ/д Гулихона мазори „Ғоиб“, ҷ/д Ҳаёти нав мақбараи „Қутирбулоқ“, ҷ/д Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов зиёратгоҳи „Таги теппа“ (соли пайдоиш 1417) ҷой гирифтаанд.
  • Дар ноҳияи Ашт зиёратгоҳҳои „Қушқор Ота Бобо“ (деҳаи Муломир), „Имом Ато Бобо“ (Кулихуҷа), „Тешик Тош“ (Даҳана), „Ҳазрати Биби Фотима“ (ҷ/д Меҳробод), „Хоҷа Сарахти Бобо“ (Бахмал), „Чинор Бобо“ (ҷ/д Меҳробод), „Кӯҳи Бобои Об“ (Ошоба), „8 Саҳоба“ (деҳаи Ашт) дар асри VII ва мазори „Ровут Бобо“ (дар деҳаи Лаби Дарё) аз солҳои 20-уми асри XX пайдо шудаанд.
  • Зиёратгоҳҳои „Пири Оҳан“, „Хоҷахалос“, „Чаламазор“ дар ҷ/д Унҷӣ тақрибан 200 сол, „Чилламазор“ дар ҷ/д Ёва ва „Мазор оча“ дар ҷ/д Хистеварз тахминан 1200 сол то инҷониб, вуҷуд доранд. Давраи пайдоиши мақбараҳои „Кииксодиқ бобо“, „Посбонотабоб“, „Гулафшон бобо“, „Эшони Валӣ“, „Хуҷаи Рушноӣ“ дар ҷ/д Исмоил, „Хоҷабақирғон“ дар ҷ/д Овчӣ- Қалъача, „Суғир-Ота“, „Кук-тунлик ота“ дар ҷ/д Исфисор, „Чашмаи Арзана“ дар ҷ/д Дадабой Холматов ва „Бойбош-Ота“ дар ҷ/д Ёва ба асри XIII рост меояд.
  • Мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд, Дар он ҷой то асри XV мақбараи дигаре вуҷуд дошт, ки лавҳаҳои минокориву наққошӣ, катибаҳо ва чӯбҳои кандакориаш ҷо-ҷо боқӣ мондааст. Як қисми мақбара ҳоло Осорхонаи вилоятии тахриху кишваршиносист. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст. Мақбара ба маҷмааи таърихӣ — меъмории Шайх Муслиҳиддин дохил карда шудааст.

Бадахшон

вироиш

Дар Бадахшони кӯҳӣ 22 зиёратгоҳ мавҷуд буда, дар Вазорати фарҳанги ҶТ ба қайд гирифта нашудаанд.

Таърихи пайдоиши мазорҳои „Имом Зайналобиддин“ дар Хоруғ, „Мубораки Вахонӣ“ дар Ишкошим, „Шоҳкамбари Офтобӣ“, „Шоҳи Мардон“ ва „Чилтан“ дар Рӯшон ба солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд. Давраи пайдоиш ва сохташавии дигар мазорҳои минтақаи ВМКБ, аз ҷумла „Шобурҳони Валӣ“-и ноҳияи Роштқалъа, „Хоҷа Нуриддин“, „Шоҳтолиб“, „Теғи Бараҳнагон“-и Рӯшон, „Носири Хисрав“, „Имом Муҳаммади Боқир“-и Шуғнон, „Оқбалиқ“, „Чекектӣ“ ва „Чештобо“-и Мурғоб, маълум нест.

Дар ҳудуди минтақаи Рашт 9 адад зиёратгоҳ мавҷуд аст. Тибқи ривоятҳо, мақбараҳои „Хоҷа Абдуллои Валӣ“ (ҷ/д Оби Меҳнат), „Хоҷа Шунқори Валӣ“ (ҷ/д Қалъаи Сурх), „Хоҷа Машоло“ (ҷ/ш Ғарми ноҳияи Рашт) ба арабҳо алоқамандӣ дошта, дар асрҳои VII—VIII ба мақсади истилои водии Рашт омада, гӯё дар ҳамин макон гӯронида шудаанд. Таърихи пайдоиши мазори „Домулло Валӣ“ (ҷ/д Қалъаи Сурх), „Домулло Одина“ (ҷ/д Қалъанак), „Мавлавӣ Ҷомӣ“ (ҷ/д Аскалон) ба асри XVIII рост меояд. Дар ноҳияҳои Сангвор мазорҳои „Хоҷа Аловиддини Гулдаста“ ва»Ҳазрати Бурхи Валӣ" ва Нуробод мазори «Эшони Ҳоҷи Ғиёсуддин» мавҷуданд.[1]

Чунин навъи мазору зиёратгоҳҳо хеле маъмулу машҳуранд.

Ҳамчунин мардуми тоҷик бо гузоштани гулчанбар дар мақбараҳои Рӯдакӣ, С. Айнӣ, Б. Ғафуров, М. Турсунзода ва даҳҳо нафар фарзандони шарафманди миллат, ки бо корномаҳои худ машҳури ҷаҳон шудаанд, болои мазори ҳамватани худ, шахидони худ сари таъзим фуруд меоранд.

Адабиёт

вироиш

Дар Тоҷикистон бо унвони «Мазорҳои Тоҷикистон» (муаллифон Ғолиб Ғоибов ва Ҳамза Камол) интишор шудаанд, ифодаи равшани худро ёфтааст. Сафорати ҶИЭ барои анҷом додани ин кор аз АИ ҶТ ва Инсититути таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш истифодаи абзорӣ кардааст. Бо мусоидати ин ниҳодҳо Ҳамза Камол (Ҳамза Камолов) дар мавзӯи «Амокини муқаддаси Тоҷикистон» се ҷилд китоб ба нашр расонида, рисолаи номзадӣ ҳимоя ва унвони илмӣ дарёфт намудааст.

Нигораҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 МАЗОР ВА ЗИЁРАТГОҲҲО ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРӢ(тоҷ.). www.panj.tj. 19 Январ 2020 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)