Масъуди Саъди Салмон
Масъуди Саъди Салмон (форсӣ: مسعود سعد سلمان; 1046[1][2][3], Лоҳур — 1121[2][3]) — шоир, хушнавис ва адиби даврони Ғазнавиён.
Таърихи таваллуд: | 1046[1][2][3] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1121[2][3] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Забони осор: | форсӣ[4] |
Зиндагинома
вироишМасъуди Саъди Салмон аз суханварони номвар ва машҳури аҳди Ғазниён мебошад. Падари Масъуд — Саъд аслан аз шаҳри Ҳамадони Эрон буда, пас аз он ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳафтдаҳ маротиба лашкар кашида, сарзамини Ҳиндустонро забт мекунад, ҳамроҳи писари Маҳмуди Ғазнавӣ — Султон Масъуд ба Лоҳур меравад ва дар он ҷо сукунат ихтиёр мекунад. Дар он шаҳр Масъуди Саъди Салмон таваллуд ёфтааст ва гумон меравад, аз баски падари ӯ дар дарбори Масъуди Ғазнавӣ хидмат мекард, аз ин рӯ, фарзанди худро ба шарафи амири ғазнавӣ — Масъуд номидааст. Худи Масъуди Саъди Салмон дар бораи падараш гуфтааст:
Шаст соли тамом хидмат кард,
Падари банда — Саъд ибни Салмон.
Гаҳ ба атроф будӣ аз уммол,
Гаҳ ба даргоҳ будӣ аз аъён.
Соли таваллудаш маълум нест.
Баъзе пажӯҳишгарон дар асоси осори Масъуди Саъди Салмон таърихи валодати ӯро дар байни солҳои 438—439 ҳиҷрӣ донистаанд. Овони кӯдакӣ ва ҷавонии ин суханвар дар шаҳри Лоҳур гузаштааст ва улуми мутадовилаи замонашро дар мактабу мадрасаҳои олии зодгоҳаш фаро гирифтааст.
Доктор Зебеҳуллои Сафо дар бораи рӯзгори вай чунин маълумоти пурарзиш додааст: «Валадати Масъуди Саъди Салмон миёни солҳои 438 ва 440 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтод ва зуҳури ӯ дар шоирӣ мусодиф буд бо аҳди салтанати Султон Иброҳим (солҳои ҳукмрониаш 451—492 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба солҳои 1059—1098 милодӣ) ва гӯё дар аҳди ҳамин подшоҳ Масъуд ба тавсияи падари худ ба дарбор роҳ ёфт. Ва ҳангоме ки Сайфуддавла Маҳмуд ибни Иброҳим волии Ҳиндустон шуд, Масъуди Саъд низ дар шумори наздикони ӯ ба Ҳинд рафт ва дар радифи умарои бузург мутаъаҳҳиди ҷангҳо ва фатҳҳо буда ва аз аморату сарварӣ насиб ёфта ва мамдӯҳи шоирон қарор гирифта буд. Ва чун Сайфуддавла Маҳмуд дар ҳудуди соли 1076 милодӣ ба ҳукумати Ҳиндустон мансуб шуда буд, бинобар ин, оғози вуруди Масъуди Саъд ба дарбори Ғазнавиён бояд дар ҳамин таърих шуда бошад.
Сайфуддавла Маҳмуд дар ҳудуди соли 1078 милодӣ бо фармони падараш бандӣ ва маҳбус шуд ва надимони ӯ низ ҳамагӣ ба қайду ҳабс афтоданд ва аз он ҷумла Масъуди Саъд ҳафт сол дар қалъаҳои Сӯ ва Деҳак ва се сол дар қалъаи Ной зиндонӣ буд ва дар байти зайл ишора ба ин маънӣ дорад:
Ҳафт солам бикӯфт Сӯву Деҳак,
Пас аз онам се сол қалъаи Ной.
Шоир дар ин даҳ соле, ки ба ҳабсу нокомӣ ва номуродӣ гузаронид, қасоиди ғарро назди Султон Иброҳим фиристод ва аз султон афв ва аз дигарон ёриву мададгорӣ ва поймардӣ кард ва оқибат яке аз муқаррабони султон бо номи Амидулмулк Имомуддавлаи Абулқосим назди султон шафоъат кард ва ӯро аз ҳабси он подшоҳи кинатӯз берун овард. Баъд аз ин воқеъа шоир ба сари зиёъ ва иқори падар рафт, то аҳди салтанати Масъуд ибни Иброҳим 1098—1114 милодӣ писараш Иззуддавла Шерзод ба ҳукумати Ҳинд баргузида шуд ва вазорати он шоҳзода ба Бӯнасри Порсӣ вогузор гардид. Масъуди Саъд, ки аз дӯстони Бӯнасри Порсӣ буд, ҳукумати ноҳияи Ҷоландар ёфт, лекин аз бадбахтии ӯ дӯсти вазираш ба ғазаб гирифтор ва маҳбус шуд ва шоир низ бо ҷурми дӯстӣ бо вай дубора ба зиндон афтод ва ҳашт сол дар қалъаи Маранҷ ранҷ буд ва бо шафоъати яке аз бузургон озод гардид.
Бинобар ин, маҷмӯъи муддати ҳабси ин шоири некӯсухан ҳаждаҳ сол буд ва ӯ худ як ҷо ба нуздаҳ соли ҳабси хеш ишора карда ва хитоб ба Булфараҷ номе, ки ӯро сабабгори ин ҳама мусибатҳояш медонист, гуфтааст:
Мар туро ҳеч бок н-омад аз он-к,
Нуздаҳ сол будаам бандӣ.
Масъуди Саъд баъд аз ин таърих, яъне соли 500 ҳиҷрӣ то соли 515 ҳиҷрӣ (1121 милодӣ), ки соли вафоти ӯст, вазифаи китобдори Султон Масъуди Солис ва Иззуддавлаи Шерзод ва Малик Арслон ибни Масъуд ва Баҳромшоҳ ибни Масъудро дошт ва онҳоро мадҳ мегуфт ва дар камоли тақарруб мезист, то ҳаром мурд»(1,128-130)
Мероси адабӣ
вироишМасъуди Саъди Салмони Лоҳурӣ суханвари боистеъдод ва забардаст аст ва осори гаронбаҳое ба ёдгор гузоштааст, ки хушбахтона, қисми бештари онҳо то замони мо маҳфуз мондаанд. Девони ашъораш шонздаҳ ҳазор байтро дарбар гирифта, аз қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа иборат аст. Донишмади эронӣ Забеҳуллоҳи Сафо менависад, ки Масъуди Саъди Салмон аз акобири фусаҳои эрон ва аз шоиронест, ки бо сабки дилписанд ва каломи балеғу писандидаи худ машҳуранд. Қудрати ӯ дар баёни маъонӣ бо калимоти писандидаи мунтахаб ва маҳорати вай дар ҳусни тансиқ ва таносуби таркибот инкорнопазир аст. Қуввати хаёли ӯ боис шудааст, ки битавонад гоҳ матлаберо бо чанд таъбир, ки ҳар як ба танҳоӣ шоёни таваҷҷуҳ аст. баён кунад ва аз ин роҳ таъбироту таркибот ва ташбеҳоту тавсифоти тоза биоварад ва то метавонист аз алфозе, ки ба орият гирифта шавад ва мазмуне, ки такрор шуда бошад, дурӣ ҷуста ва гуфтааст:
Ашъори ман он аст. ки дар санъати назмаш,
На лафз муъор асту на маънӣ мусанно.
Ин омилҳо ҳама боис шудааст, ки Масъуди Саъд дар сухан сабки бадеъ оварад ва ба суръат забонзади муъосирон гардад ва ба қавли ӯ «худ дар Маранҷу суханаш дар Қайравон бошад» ва каломи вай миёни даъвогарони шеър ҳуҷҷат ва санад шумурда шавад:
Агар ду танро ҷанг уфтодӣ андар шеър,
Зи шеъри банда бад-эшон шавоҳиду бурҳон.
Чунончи Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» гуфтааст, Масъуди Саъди Салмон се девон дошт, ки яке порсӣ ва дигаре ба арабӣ ва сеюм ба ҳиндӣ буд. Аз ашъори ҳиндии ӯ мутлақан асаре дар даст нест, абёти арабии вай баъзе мавҷуд аст ва девони форсии ӯ ду бор дар Эрон ба табъ расида ва дар ҳудуди шонздаҳ ҳазор байт шеър аз қасидаву маснавӣ ва муқатаъоту тарҷеъот ва мусаммату ғазал ва рубоӣ дорад. Дар поёнии девони Масъуди Саъд васфи сӣ рӯзи моҳ тибқи тақвими қадими эронӣ ва васфи айёми ҳафта ва як маснавӣ дар сифати надимони Султон Иззуддавлаи Шерзод дида мешавад, ки агарчи тоза аст, вале арзиши адабии баланд надорад.
Аз миёни ашъори Масъуди Саъди Салмон он чӣ дар зиндонҳо ва дурӣ аз ёру диёр ва баёни парешониву ранҷу азоби худ суруда, илова бар баландии абёт ва фасоҳати хиракунандаи сухан аз боби таъсири онҳо ба дили ҳар хонанда қобили таваҷҷуҳ ва аз ин ҷиҳат ҳам дар рӯзгори қадим забонзади ноқидони сухан аст. Аз ҷумла Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар бораи ин гуна ашъори ӯ дар «Чаҳор мақола» чунин гуфтааст: «Арбоби хираду асҳоби инсоф донанд, ки ҳабсиёти Масъуд дар улувв (баландӣ) ба чӣ дараҷа аст ва дар фасоҳат ба чӣ поя бувад. Вақт бошад, ки ман аз ашъори ӯ ҳамехонам, мӯй бар андоми ман хезад ва ҷойи он бувад, ки об аз чашми ман биравад».(2,70)
Аз ғазалиёт
вироиш- Нишастаам зи қадам то сар андар оташу об,
- Тавон нишастан сокин чунон дар оташу об.
- Ҳаме нахуспам шабҳову чун тавонад хуфт
- Касе, ки дорад болину бистар оташу об.
- Ҳама бикардам дар ҳиллате, ки донистам,
- Маро нашуд зи дилу дида камтар оташу об.
- Зи об ораз дорад бутам, зи оташ рух,
- На бас шигифт бувад бар санавбар оташу об.
- Набаст сурати мо бо ҷамоли сурати ӯ,
- Нашуд падид, ки гардад мусаввар оташу об.
- Накард ёди ману ёдгор бидод моро,
- Хаёли он санами моҳманзар оташу об.
- Бирафт ёраму ман мондаму бирафту намонд,
- Зи ранҷ дар дилу аз дард дар бар оташу об.
- Басо шабо, ки дар ӯ рашк бурду ранг овард,
- Зи гунаи маю аз лавни соғар оташу об.
- Нишастаму зи дилу чашми хеш биншондам,
- Ба васли он бути дилҷӯй яксар оташу об.
- Басо, фаровон рӯзо, ки саробу самум
- Гирифт рӯйи ҳама дашт яксар оташу об…
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00577708 (ингл.) — Consortium of European Research Libraries.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 NUKAT — 2002.
- ↑ Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
Адабиёт
вироиш- Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон ва дар қаламрави забони форсӣ. — Д.: Деваштич, 2003, С. 128—130
- Суханварони Ғазнин. Таҳиягар ва мураттиб: Муҳаммадиқболи Садриддин. — Д. — 2010