Маҳмадшариф Ҳақдодов

Маҳмадшариф Ҳақдодов — доктори илмҳои техникӣ (2001), профессор (2006). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]

Маҳмадшариф Ҳақдодов
Маҳмадшариф Маҳмудович Ҳақдодов
Таърихи таваллуд 15 март 1959(1959-03-15) (65 сол)
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Институти фӯлод ва хӯлаҳои Москва, Вазорати ҳифзи муҳити зисти ҶТ, Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти политехникии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2006)

Зиндагинома

вироиш

Маҳмадшариф Ҳақдодов Институти политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст (1981)., ихтисос – «маводшиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: эҷоди техникаи бехатарӣ ва технология дар асоси коркарди хӯлаҳои акустодемпфирӣ ва маводи композитсионӣ, амнияти ҳаёт ва экология. Мудири кафедра, муовини декани Институти политехникии Тоҷикистон (1979-1993), ходими хурди илмии Институти фӯлод ва хӯлаҳои Москва (1987-1988), сардори экспертизаи давлатии экологии Вазорати ҳифзи муҳити зисти ҶТ (1993-1997), муовини аввали Раиси Кумитаи ҶТ оид ба саноат (1997-2002), директори техникии Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал (2002-2003), мудири Шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (2003-2005), муовини аввали вазири саноати ҶТ (2005-2006), муовини вазири энергетика ва саноати ҶТ (2006-2010). Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010 – то 2015).

  • Протсесҳои технологии ғайримаъмул. – Д., 1999;
  • Коркарди металлҳои дорои хосиятҳои махсус. – Д., 2001;
  • Снижение шумов механического происхождения на основе создания композиционных акустодемпфирующих материалов (научное основы и технологии получения): Дисс… доктора технич. наук. – М., 2001;
  • Экологияи муҳандисӣ. – Д., 2004;
  • Таҳқиқоти хосиятҳои акустикӣ ва ларзишпахшкунии хўлаӣои сертаркибии алюминий. – Д., 2004.[2]

Нигаред низ

вироиш

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо Ифтихорномаи ҶТ тақдир шудааст.
  • Дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2006).

Манобеъ

вироиш
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 650–651