Маҳмадқул Бобоевич Каримов (27 январи соли 1964, ноҳияи Панҷакент, Вилояти Суғд), кимиёгар, доктори илмҳои кимиё (1999, Душанбе), профессор (2001, Москва), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002)

Маҳмадқул Каримов
Маҳмадқул Бобоевич Каримов
Таърихи таваллуд 27 январ 1964(1964-01-27) (60 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002), Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1986). Ходими илмии қисми илми (1986-1987), ассистент (1992-1995), дотсенти кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1995 – 1996). Ҷонишини проректор оид ба илм (1997-2002). Сардори идораи татбиқи таҳияҳои илмии ДДМТ (2002–2004). Мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2004-2008). Каримов М.Б. моҳи марти соли 1994 рисолаи номзадӣ ва моҳи майи соли 1999 рисолаи докториро дифоъ кардааст. Соли 2000 ӯ профессори кафедраи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардид. Аз декабри соли 2008 то соли 2013 муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз 15 июни соли 2013 ректори Донишгоҳи давлатии Данғара. Сипас директори Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Осори илмӣ

вироиш

Муаллифи 12 китоби дарсӣ (бо забони давлатӣ), 10 монография, 6 воситаи таълимӣ, 35 барномаҳои таълимӣ ва бештар аз 600 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷамъияти кимиёгарон ба номи Д.И.Менделеев (1992)
  • Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (1998)
  • Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012)[1]
  • Энcиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. - Душанбе, 2008.- C.167

Пайвандҳои беруна

вироиш