Маҷаҳ
Маҷаҳ, гули маҷаҳ, салимгул, гули салим, миҷҷа[1] (лот. Paeonia intermedia) — гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи маҷаҳиҳо (Paconiaceac) гули худрӯи маъмул.
Маҷаҳ | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Paeonia.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Paeonia intermedia C.A.Mey | ||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояҳояш рост. Баргаш мураккаб. Аз тухм ва қаламча (нашвӣ) зиёд мегардад. Мевааш фаровон мешавад.
Густариш
вироишДар минтақаи баландкӯҳи қаторкӯҳҳои Қурама, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I, Терай ва Загар вомехӯрад. Дар нишебиҳои хокии настаранзор, анбӯҳи пахшбутта, юғанзор, баъзан дар фарқзори сирак месабзад. Дар баъзе ҷойҳо маҷаҳзор (дар баландии аз 2000 то 3000 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Одатан тӯп-тӯп (чандбехӣ) мерӯяд. Баъзан маҷаҳзори фарохро низ (қариб 10 км2) метавон дид.
Намуди ҳамшабеҳаш Ба Paeonia anomala L. (Аврупою Сибир ва Осиёи Марказӣ), инчунин Paeonia hybrida Pall., ки дар Олтой ва Тарбоғтой мерӯяд, қаробат дорад.
Парвариш
вироишБа осонӣ кишта мешавад. Дар Боғи гиёҳшиносии Душанбе онро аз тухм ва ҳам аз қаламча зиёд мекунанд. Маҷаҳро ҳам ба монанди навъҳои боғиаш (пион) мепарваранд.
Мақоми ҳифз
вироишМаҷаҳ ба феҳристи гиёҳони «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуда, мувофиқи маълумоти овардаи китоб, яке аз гулҳои хеле базеби гаронбаҳост. Гули маҷаҳро бисёр чинда нобуд мекунанд. Дар натиҷаи мунтазам чарондани моли майда ниҳоли он поймол мегардад. Лӯндаи онро барои тайёр кардани доруи иллати меъдаву рӯда истифода мебаранд. Дар ҳама ҷо чиндани гули маҷаҳро манъ кардан лозим аст. Ба кофтани бехи он бе иҷозати махсус роҳ набояд дод[2].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 95. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.
- ↑ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами наботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — С. 467. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.