Маҷмаъаи меъмории Ҳазрати Шоҳ (Исфара)
Маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ — ёдгории таърихӣ-меъмориест, ки дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ҷойгир аст. Маҷмааи таърихӣ аз се бино — мақбараи Ҳазрати Шоҳ, мақбараи Худоёри Валъамӣ ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ (масҷиди Намозгоҳ низ мегӯянд) иборат аст.
Ҳазрати Шоҳ номи валиест, ки инҷо дафн шудааст. Мувофиқи ривоятҳо, ӯ бародарзодаи Қусам ибн Аббос аст, ки дар асри XI дар мақбараи Шоҳи Зиндаи шаҳри Самарқанд дафн шудааст ва писари амаки пайғамбар Муҳаммад ба ҳисоб меравад.
Дар назди мақбара чашмае ҳаст, ки оби он муқаддас ва шифобахш дониста мешавад. Ба қидаи олимон, таърихи мақбараи Ҳазрати Шоҳ чунин аст. Ҳанӯз то барқарории дини ислом чашма дар байни аҳолии таҳҷойи ҳамчун манбаи зиндагӣ муқаддас ҳисобида мешуд. Баъдан, дар назди чашма қабри ходими соҳиб кироми дини ислом пайдо шуд. Баъдтар, дар ин қабр мақбара сохта шуд. Дар асри XVII—XVIII ба мақбара боз айвону сутунҳои чӯбин ҳамроҳ карда шуд. Вақти бунёди мақбара ва биноҳои он асрҳои X—XIX — ро дарбар мегирад.
Ҳоло мақбараи Ҳазрати Шоҳ дар натиҷаи тармиму таҷдид тарҳи имрӯзаашро пайдо кардааст. Масҷиди ҷомеаи Намозгоҳ бинои серсутунест, ки бо навиштаҷоти хушхат, бо рангҳои сабз, кабуд ва сурх оро ёфтааст. Мақбараи Ҳазрати Шоҳ зиёратҷойи аҳолии таҳҷойи ба ҳисоб меравад.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қодиров Ф. С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ — таърихӣ ва табии. — Душанбе, 2012, с. 67 — 70.
Пайвандҳо
вироиш- Таърихи Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2007 сол.