Шоҳи Зинда
Шоҳи Зинда (форсӣ: شاه زنده) — маҷмааи таърихӣ ёдгории асрҳои миёнаи шаҳри Самарқанд (Ӯзбекистон) аст.
Ёдмон | |
Кишвар | |
---|---|
Макон | Самарқанд |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Таърих
вироишШоҳи Зинда аз як қатор мақбараҳои сарватмандони Самарқанд иборат мебошад. То рӯзҳои мо танҳо ёздаҳ мақбара боқӣ мондааст, ки дар давоми асрҳои XIV—XV сохта шудаанд. Ҳоло он, ки дар вақти кофтукови археологӣ, дар қисми шарқии боқимондаҳои Афросиёб мақбараҳои асрҳои XI—XII ёфт шуданд. Маҷмааи таърихии мақбараҳои Шоҳи Зинда дар тӯли 9 аср ба вуҷуд омадааст ва зиёда аз бист иншоотҳои асрҳои IX—XIV ва XIX дарбар мегирад. Номи Шоҳ-и Зинда — аз қиссаи қадима гирифта шудааст. Дар ин қисса гуфта шудааст, ки бародари Муҳаммад пайғамбар, Қусам ибн Аббос (619—686/87), ба Самарқанд бо гурӯҳи хурди сарбозон барои ҷорӣ намудани дини ислом омада будааст. Ҳангоми тохтутози душманон Қусам ибн Аббос захмӣ гаштааст вале аз дасти душманон дар яке аз нишебиҳо паноҳ шуда халос гаштааст, ва гӯё то ҳол дар он ҷо зиндагӣ мекардааст.
Маҷмааи мақбараҳо, ки асосан аз пойдеворҳо ва сангҳои сари қабрӣ иборатанд ба асрҳои XI—XII таалуқ доранд. Аксари мақбараҳо дар асрҳои XIV—XV бино ёфтаанд, азнавсозиҳои биноҳо ба асрҳои XVI—XIX таалуқ дошта бошанд ҳам, вале намуди зоҳирии мақбараҳоро вайрон накардаанд.
Шоҳи-Зинда — дар Самарқанд ягона ёдгории бостонӣ-меъморӣ, ба ҳисоб меравад, ки дар он таърихи 25-асраи шаҳри Афрасиёб, акс ёфтааст. Соли 2001 мақбараҳои Шоҳи Зинда дар якҷоягӣ бо дигар иншоотҳои қадимаи шаҳри Самарқанд ба феҳристи умумиҷаҳонии хазинаи ЮНЕСКО дохил гардидаанд.
Намуди умумӣ
вироишДар даромадгоҳи ин маҷмааи таърихӣ мақбараҳои нисбатан навсохташуда ҷойгир шудаанд.
Дар қисмҳи поёнии маймаа, каме дуртар аз даромадгоҳ, мақбараи дугумбазнок Қози-зода ар-Румӣ, риёзидон ва ситорашиноси замони Улуғбек ҷойгир шудааст. Дар қисмати мобайнии маҷмаа мақбараҳои замони Темур, ки дар он ҷо хешу табор, сарбозони номдор ва диндорон гӯронида шудаанд ҷойгир аст. Ин мақбараҳо ба охири асри XIV — аввали асри XV таалуқ доранд. Дар байни онҳо мақбараҳои Амир-зода (соли 1386), Туғлу-Текин, ҷияни Темур Шоди-Мулк-ака (Туркан-ака) (солҳои 1371—1372) ва хоҳари Темур Ширин-бика-ака (соли 1385—1386) ҳастанд. Ду мақбараи охирон аз ҳама беҳтар боқӣ мондааст. Деворҳои пеши ин биноҳои як ҳуҷрагӣ буда хеле зебо оро дода шудааст. Мақбараи Ширин-бика-ака, аз дигар иншоотҳо фарқ карда истода, мақбараи ҳашткунҷаи аввали асри XV бо тарафҳои кушода қомат афрохтааст. Ин мақбара бо мозаика аз хиштчаҳои хурд-хурд иборат буда, мумкин, ки дар аввал бо гумбази баланди цилиндршакл рӯпӯш карда шуда буд.
Руйхати силсилаи мақбараҳо
вироишМақбараҳо
вироиш- Кусам ибн Аббос (с. 1334), асри XIV
- Мақбараи беном, с 1360/61, асри XIV
- Шоди-Мулк-ака («Туркан-ака»), с 1371/72, меъморон Шамсиддин, Баҳриддин ва Зайниддин Бухорӣ)
- Ширин-бек-ака, с 1385/86, асри XIV
- Амир-зода, с 1386, асри XIV
- Хоҷа-Аҳмад, асри XIV
- Қази-зода ар-Румӣ, асри XV
- Туғлу-Текин (с 1376)
- Руҳобод
Иншоотҳои дигар
вироиш- Маҷмааи Туман-Ака, аввали асри XV
- Чартак — масҷиди 4-сутуна
- Масҷиди Ёдоварӣ, миёнаи асри XV
Боз нигаред
вироиш- Регистон («ҷои хоксор», номи биёбон дар Эрон) — яке аз ҷойҳои машҳуртарини Самарқанд. Дар асрҳои миёна майдони марказии шаҳр ба ҳисоб мерафт. Дар айни замон он аз се бинои азимҷуссаи — мадраса иборат аст:
- Шаҳристони Афросиёб
- Мақбараи Гӯри Амир
- Масҷиди Биби Хонум
- Осорхонаи таърихии Самарқанд (Афросиёб)
- Масҷиди Хазрати Хизр
- Мақбараи Хоҷа Дониёр (ҳазрати Дониёр)
- Обсерватория/расадхона ва осорхонаи Улуғбек
- Масҷиди Хоҷа Зиёмурод
- Мақбараи Биби Хонум
- Масҷиди Кук
- Маркази қадимаи Чорсу
- Мақбараи Абу Мансур Матридий
- Мақбараи Рухобод
- Мақбараи Оқсарой
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- мавод аз донишномаи русӣ
- Шоҳи-Зинда
- Самарқанд дар аксҳо. Албоми Шоҳи-Зинда Бойгонӣ шудааст 27 феврали 2009 сол.