Мерт Язиҷиоғлу

ҳунарпешаи турк

Мерт Язиҷиоғлу (тур. Mert Yazıcıoğlu); тав. 10 майи 1993, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи турк.

Мерт Язиҷиоғлу
тур. Mert Yazıcıoğlu
Ном ба ҳангоми таваллуд: Mert Yazıcıoğlu
Таърихи таваллуд: 10 май 1993(1993-05-10) (30 сол)
Зодгоҳ: Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ:  Туркия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2011–то ҳол
Самт: силсилафилм, синамо
IMDb: ID 5465752

Зиндагинома вироиш

Мерт Язиҷиоғлу 10 майи соли 1993 дар пойтахти кишвари Туркия шаҳри Истанбул таваллуд шудааст[1]. Баъди хатми мактаби миёнаи Истанбул ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи менеҷменти донишгоҳ Айдини Истанбул супоридааст[2].

Фаъолият вироиш

Пас аз он ки ӯро ба силсилафилмие, ки рафиқаш нақш мебозид даъват шуд ва қадами аввалинро дар роҳи ҳунарӣ гузошт. Дере нагузашта ӯ зинаи сеюми дарсҳои ҳунарии Mota Eğitim аз Умед Чирак гирифт. Пас аз муддате, ӯ дар филми Dedemin İnsanları нахустнамоиши худро бозидааст. Соли 2013, ӯ дар силсилафилми Садбарги сиёҳ (Karagül), дар нақши Борон Шамвердӣ, ки дар шабакаи FOX пахш шудааст бо Эҷе Услу, Озҷон Дениз ва Айча Айшин Турон нақш бозидааст. Баъдтар, ӯ дар силсилафилми Umuda Kelepçe Vurulmaz нақши "Фират" -ро бозидааст ва дар силсилафилми "Mehmed: Bir Cihan Fatihi" нақши "Коркут" -ро бо Кенон Имирзалиоғлу, Четин Текиндор ва дигарон тасвир кардааст. Ӯ фаъолияти ҳунарии худро бо нақши "Ҷенк" дар филми İyi Oyun соли 2018 бо Афра Сарачоғлу идома дод. Байни солҳои 2018–2019, ӯ дар силсилафилми Kanal D Як литр ашк (Bir Litre Gözyaşı), нақши асосиро бозидааст, ки дар он нақши "Маҳир Еткин" -ро тасвир кардааст. Соли 2020, ӯ дар нақши Синон барои шабакаи Netflix Ишқ 101 (Aşk 101) нақш бозидааст. Инчунин дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Алина Боз, Кубилай Ака, Каан Ӯрганҷиоғлу ва дигарон нақш бозидаанд.

Ҳаёти шахсӣ вироиш

Мерт Язиҷиоғлу аз соли 2018 то 2022 бо ҳунарпешаи турк Афра Сарачоғлу робита дошт. Онҳо дар филми İyi Oyun шиносоӣ пайдо намуданд, ки ҳарду нақши асосиро бозидаанд. Моҳи декабри соли 2019 ин ҷуфт барои дидани бозии футбол миёни дастаҳои Фенербахче-Бешиктош рафтаанд[3]. Онҳо аксҳои муштаракашонро зуд-зуд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нашр мекунанд.

Филмнома вироиш

Филмҳо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2011 Dedemin İnsanları -
2018 İyi Oyun Ҷенк
Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2012-2013 Kayıp Şehir Фурқон
2013-2016 Karagül Садбарги сиёҳ Борон Шамвердӣ
2016-2017 Umuda Kelepçe Vurulmaz Фират
2018 Mehmed: Bir Cihan Fatihi Коркут
2018-2019 Bir Litre Gözyaşı Як литр ашк Моҳир Йеткин
2020 Bir Annenin Günahı Юсуф
Силсилафилмҳои интернетӣ
Сол Номгӯй Бо тоҷикӣ Нақш
2020- Aşk 101 Ишқ 101 Синон
2021 Aşk 102 Ишқ 102 Синон

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Иқтибосҳо вироиш