Метан
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Метан — гази ботлоқӣ, гази кон CH4,карбоҳидрогени якуми қатори ҳомологии карбоҳидрогенҳои сер(алканҳо). Метан гази сузанда беранг бебуй, ҳарорати ҷӯшиш-165, 5 ҳарорати гудозиш 182,5,зичиаш нисбат ба ҳаво 0,554 ҳангоми бо ҳаво якҷоя шудан (дар сурати ба 5-15% расидани консентратсияааш) омехтаи тарканда ҳосил мекунад. Метан қисми таркибӣ ва асосии газҳои табии (77-99%-и ҳаҷми умумӣ) газҳои бо нефт ҷудо мешудаги (31-90%) ва газҳои кон(34-40%)мебошад. Атмосфераи баъзе сайёраҳо(Зуҳал,Муштарӣ)асосан аз метан иборат аст.Метани сунъиро бо роҳи коркади термии ангишт ва нефт ҳосил мекунанд. Метани табии ҳангоми пусиши моддаҳои органикӣ бо таъсири бактерияҳои метанҳосилкунанда дар сурати нарасидани ҳаво пайдо мешавад. Метан чун сузишворӣ ва ашё барои ҳосил кадани пайвастдои органикӣ (атсетилен, хлороформ, формалдеҳид ва ғ )истифода мешавад.
СарчашмаВироиш
(Энсиклопедияи советии тоҷик.саҳ-342) ???
Дар ин мақола гурӯҳҳои мавзуотӣ илова нашудааст. Шумо метавонед ба лоиҳа кӯмак расонед, ба воситаи иловаи гурӯҳҳои буда ва ё эҷоди гурӯҳҳои нав. |