Меҳновёр (форсӣ: مهناویار‎) — дараҷае размоварӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарновёр ва пойинтар аз новдор дувум дораду баробар бо размозмо дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[1].

Меҳновёр
Сардӯшии меҳновёр (Нерӯи дарёӣ Русия)
Кӯтаҳнивишт форсӣ: مهناویار
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Новдор дувум
Дараҷаи пойинтар Сарновёр
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сарновёр

Меҳновёр
Дараҷаи болотар:
Новдор дувум

Вожашиносӣ

вироиш

«Меҳновёр» (форсӣ: مهناویار‎) аз ду вожа сохта шудаву мақулаи дастурии он исм ва сохтвожааш ба сурати [сифат (меҳ) + исм (новёр)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

меҳ + новёр (аз форсӣ: ناو‎ < порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ’)

Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[2]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «сарҳангёр», «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[3].

Рутбабандӣ

вироиш

Новёр ҳамчун дараҷаи размоварӣ соли 1991 дар нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ҷорӣ шуда ва се рутба дорад[4]:

Пешина

вироиш

Ҳамтои дараҷаи «меҳновёр» дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ «старшинаи калони киштӣ» (русӣ: главный корабельный старшина) буд, ки соли 1971 ҷорӣ шуда буд[5]. Ҳамтои ин дараҷа дар Нерӯи дарёии Артиши Эрон «новустувор» аст, ки соли 1935 ҷорӣ шуда буд[6].


  1. Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
  2. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 115 – 116
  3. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. – 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  4. Қонуни муқаррароти истихдомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ. 14 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 августи 2013.
  5. РУТБАИ ҲАРБӢ // Энсиклопедияи тоҷикӣ
  6. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 285; 606; 653. — 655 с. — 3 500 экз.

Пайвандҳо

вироиш

Нигаред

вироиш