Рутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рутбаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ» муқаррар карда мешаванд[1].
Сохтори рутбаҳои ҳарбӣ
вироишДар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хидматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад[1]:
Афсарон | ||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон | Солорон | Сардорон | Саркардагон | |||||||||||||||||||||
Генерали артиш | Генерал-полковник | Генерал-лейтенант | Генерал-майор | Полковник | Подполковник | Майор | Капитан | Лейтенанти калон | Лейтенант | Лейтенанти хурд | ||||||||||||||
Дараҷаҳои пешниҳодӣ[2] | Артишсолор | Сипаҳсолор | Лашкарсолор | Гундсолор | Сарҳанг | Сарҳангёр | Саргурд | Сарвон | Таҳморо | Таҳмдор | Таҳмовар |
Дараҷадорон ва сарбозон | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон | Размсозон | Размоварон | Сарбозон | |||||||||||||
Прапоршики калон | Прапоршик | Старшина | Сержанти калон | Сержант | Сержанти хурд | Ефрейтор | Аскар | |||||||||
Дараҷаҳои пешниҳодӣ[3] | Размсоз | Размпардоз | Размозмо | Разморо | Размдор | Размовар | Размюз | Сарбоз |
Пас аз рутбаи ҳарбии хидматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хидмат мекунанд, калимаи «гвардия» илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии хидматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои «адлия», «хидмати тиббӣ», илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии шаҳванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан калимаи «эҳтиёт» ё «мустаъфӣ» илова карда мешавад. Ҷорӣ намудани рутбаҳои хидматӣ, махсус ё дараҷаи ихтисосии ба рутбаҳои ҳарбӣ монанд барои шахсони мансабдор, кормандон ва хидматчиёни вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст[1].
Тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Тоҷикистон
вироишВазорати дифоъи Тоҷикистон дар соли 2018 хостори тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шуд ва аз Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон дархост кард, ки баробарҳои тоҷикӣ барои дараҷаҳои низомии русӣ пешниҳод кунад. Умед Ҷайҳонӣ, узви коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон, бо пайравӣ аз усули таърихгароӣ, пайвастагӣ, ҳамгунсозӣ ва стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон, вожаҳои артиш, сипоҳ, лашкар, гунд, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, рада ва гурӯҳро ба тартиб ба ҷои истилоҳоти русии армия, корпус, дивизия, бригада, полк, баталион, рота, взвод, отделение ва звено пешниҳод кард. Вай ҳамчунин аз ин вожаҳо барои фармондеҳони ин ягонҳои артишӣ, ба тартиб, дараҷаҳои артишсолор, сипаҳсолор, лашкарсолор, гундсолор, сарҳанг, саргурд, сарвон, таҳмдор, размдор ва размюзро пешниҳод кард, ки аз истилоҳоту алқоб ва маносиби низомии даврони Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргирифта ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд[4]. Кумитаи забону истилоҳот ин вожаҳоро барои ҷойгузин кардани рутбаҳои русӣ ба гурӯҳи кории Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст[5].
номи ягонҳо | решашиносӣ | номи дараҷаҳо | решашиносӣ | ||
---|---|---|---|---|---|
кунунӣ | пешниҳодӣ | кунунӣ | пешниҳодӣ | ||
қаторӣ | сарбоз | ||||
ефрейтор | размюз | порсии миёна: razm-yōz ‘размҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōz ‘барангезанда ба разм, размангез’ < порсии миёна: razm < порсии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ, рада” < эронии бостон: √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”) + порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź- “ангезондан; бар ангехтан; ҷустан”[6] | |||
отделение | рада | порсии миёна: radag ‘хурдтарин ягон дар сипоҳ’ < порсии бостон: ratak ‘рада, роста’ < эронии бостон: *rata-ka- ‘рада’[6] | сержанти хурд | размовар | форсӣ: رزمآور < разм + -овар : -вар ‘доранда’ < порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara- ‘баранда’ < √*bar- ‘бурдан’ |
сержант | размдор | форсӣ: رزمدار < разм + -дор < форсӣ: دار < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- ‘доштан; доранда’[6] | |||
сержанти калон | разморо | форсӣ: رزمآرا ‘касе, ки дар саффороӣ ва кори ҷанг варзида аст ва амалиёти размиро хуб тарҳреҳӣ мекунад’[7] < разм + оро < порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād- ‘омода кардан, оростан; тартиб додан’[6] | |||
старшина | размозмо | форсӣ: رزمآزما ‘касе, ки ҷангро хуб озмуда бошад ва биозмояд’[7] < разм + озмо < форсӣ: āzmāy < порсии миёна: uzmāy- < порсии бостон: *uz-māya- < √*māy- ‘андоза гирифтан, санҷидан’[6] | |||
прапоршик | размпардоз | форсӣ: رزمپرداز < разм + пардоз < форсӣ: پرداز < порсии миёна: pardāz : pardāxtan ‘пардохтан, анҷом додан’ < порсии бостон: *para-tāča- < √*tak- ‘тохтан’[6] | |||
прапоршики калон | размсоз | форсӣ: رزمساز ‘он ки нақшаву тарҳи ҷанг ё амалиёти размиро ба хубӣ бидонад ва нерӯро омодаи разм ё корзор кунад’[7] < разм + соз < форсӣ: ساز < порсии миёна: sāč : sāxtan ‘сохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak- ‘омода будан, тавонистан’[6] | |||
взвод | таҳм | порсии миёна: taḥm ‘бахше аз вашт’ < паҳлавӣ: taḥmīh ‘нерӯ’ < эронии бостон: *taxma- < √*tak- ‘тохтан, давидан’[6] | лейтенанти хурд | таҳмовар | форсӣ: تهمآور ‘фармондеҳи таҳм’: таҳм + -овар : -вар ‘доранда’ < порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara- ‘баранда’ < √*bar- ‘бурдан’ |
лейтенант | таҳмдор | форсӣ: تهمدار < паҳлавӣ: tahmdār ‘фармондеҳи таҳм’[8]: таҳм + -дор < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- ‘доштан; доранда’[6] | |||
лейтенанти калон | таҳморо | форсӣ: تهمآرا ‘фармондеҳи таҳм’: таҳм + оро < порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād- ‘омода кардан, оростан; тартиб додан’[6] | |||
рота | вашт | форсӣ: وشت < порсии миёна: wašt ‘бахше аз drafš’ < паҳлавӣ: wast | капитан | сарвон | форсӣ: سروان ‘саркарда, сардор’[9][7] < сар < порсии миёна: sar- < порсии бостон: sarah-) + -вон < порсии миёна: -vān < паҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā- ‘поидан, нигаҳбонӣ кардан’[6] |
баталион | гурдон | форсӣ: گردان ‘бахше аз ҳанг’[10] < порсии миёна: gurd ‘паҳлавон’ < *vr̥ta- < √*vr̥t- : *vart- ‘пойдорӣ кардан; посдорӣ кардан’[6] | майор | саргурд | форсӣ: سرگرد ‘сардори гурдон’[11][7] <сар + гурд |
подполковник | сарҳангёр | форсӣ: سرهنگیار ‘ёвари сарҳанг’ < сарҳанг + -ёр | |||
полк | ҳанг | форсӣ: هنگ ‘бахше аз гунд’[10] < порсии миёна: hang ‘нерӯ, зӯр’[6] | полковник | сарҳанг | форсӣ: سرهنگ ‘сардори ҳанг’[7] < порсии миёна: sarhang < порсии бостон: *sara- ‘сар; пеш’ + √θang- ‘кашидан; ҳанҷидан’[6] |
бригада | гунд | паҳлавӣ: gund ‘бахше аз лашкар’ < *vr̥nda-[6] | генерал-майор | гундсолор | форсӣ: گندسالار ‘фармондеҳи гунд’ < паҳлавӣ: gund-sālār < паҳлавӣ: gund + паҳлавӣ: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-[6] |
дивизия | лашкар | форсӣ: لشکر ‘бахше аз сипоҳ’[10] < порсии бостон: *raxša-kara- ‘посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kar- ‘посдорӣ кардан’)[6] | генерал-лейтенант | лашкарсолор | форсӣ: لشکرسالار ‘фармондеҳи лашкар’ навсохта аз лашкар + солор |
корпус | сипоҳ | форсӣ: سپاه < порсии миёна: spāh < порсии бостон: spāda- < эронии бостон *spāda- < √spa-d- ‘андохтан, пеш андохтан; равона кардан; фиристодан’[6] | генерал-полковник | сипаҳсолор | форсӣ: سپهسالار ‘фармондеҳи сипоҳ’ < порсии миёна: spāh-sālār |
армия | артиш | форсӣ: ارتش ‘нерӯҳои мусаллаҳ’[10] < порсии миёна: artēštār ‘разманда’ < авестоӣ: raθaē-štar- ‘гардунасавор’ < raθa- ‘гардуна’ + štar- ‘истода’ [6] | генерали артиш | артишсолор | форсӣ: ارتشسالار ‘фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ’ < порсии миёна: artēštārān-sālār |
Таърихчаи дараҷаҳои низомии тоҷикӣ
вироишДеринатарин ёдкард аз нерӯҳои размии ниёкони тоҷикон дар «Авесто» ва сангнавиштаҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ боз монда, ки *kāra- ‘мардум-сипоҳ’ (< ҳиндуурупоӣ: *koro-s, *kori̯o-s ‘ҷанг; сипоҳ, лашкар’ < олмонӣ: Heer ‘артиш; нерӯи заминӣ’; англ. Here ‘артиш’)[12] ва *spāda- ‘сипоҳ’ хонда шудаанд.
Дар нерӯҳои размии Эрони бостон нақши вижаеро гардунасаворон доштанд, ки дар «Авесто» raθaē-štar- (аз raθa- ‘гардуна’ + štar- ‘истода’) номида шудаанд[13]. Ҳамин вожа дар забони порсии миёна: artēštār шуда ва «артиш» аз он гирифта шудааст[14].
Сипоҳи Ҳахоманишиён
вироишСипоҳи Ҳахоманишиён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
*daθa- | 10 сарбоз | *daθapati- |
*θata- | 100 сарбоз | *θatapati- |
*hazāra- | 1 000 сарбоз | *hazārapati- |
*baivara- | 10 000 сарбоз | *baivarapati- |
*spāda- | 60 000 сарбоз | *spādapati- |
Нерӯҳои мусаллаҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) бар пояи радабандии даҳ-даҳӣ созмон ёфтаву ба забони порсии бостон: *spāda- [сипоҳ] хонда мешудаанд. Дар сипоҳи Ҳахоманишиён аз 10 сарбоз як *daθa- [даҳа] ташкил мешуда ва сардораш *daθapati- [даҳбад] хонда мешудааст[15]. Аз 10 даҳа як *θata- [сада] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *θatapati- [садбад] номида мешудааст[15]. Аз 10 сада як *hazāra- [ҳазора] ташкил мешуда ва фармондеҳаш *hazārapati- [ҳазорбад] хонда мешудааст[16]. Аз 10 ҳазора як *baivara- [бевара] ташкил мешуда, ки фармондеҳаш *baivarapati- [беварабад] номида мешудааст[16]. Сарфармондеҳи сипоҳи Ҳахоманишиён *spādapati- [сипаҳбад] хонда мешуд[17].
Агар шумори нерӯҳои ин ягонҳоро бо воҳидҳои низомии артишҳои имрӯзӣ ҳамсанҷӣ кунем, даҳа бо отделение, сада бо рота, ҳазора бо полк, бевара бо дивизия ва сипоҳ бо армия баробар мешаванд. Бо ҳамин қиёс, даҳбад бо сержант ё старшина, садбад бо лейтенант ё капитан, ҳазорбад бо майор ё полковник, беварабад бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар мешаванд.
Сипоҳи Ашкониён
вироишСипоҳи Ашкониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
radag | 10 сарбоз | *radagpān |
tahm | 50 сарбоз | tahmdār |
wast | 100 сарбоз | wast-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 10 000 сарбоз | gund-sālār |
spāδ | 50 000 сарбоз | spāδpat |
Дудмони паҳлавии Ашкониён (Соли 250 п.м. — 224), ки ҷойгузини дудмони юнонии Селевкиён (312 — 64 п.м.) шуд, созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифт[18]. Радабандии сипоҳи Ашкониён чунин будааст[19]:
Дар сипоҳи Ашкониён даҳаҳо ба забони паҳлавӣ *radag [рада], садаҳо — wast [васт], ҳазораҳо — drafš [дирафш], бевараҳо — gund [гунд] номида мешуданд[20]. Фармондеҳони ин ягонҳо мутаносибан wast-sālār [васт-солор], drafš-sālār [дирафш-солор] ва gund-sālār [гунд-солор] хонда мешуданд[21]. Нерӯҳои мусаллаҳи Ашкониён низ чун замони Ҳахоманишиён spāδ [сипоҳ] ва фармондеҳашон spāδpat ё spāδbad [сипаҳбад] номида мешуд[22].
Бояд гуфт, ки сипоҳи подшоҳии Арманистон, ки фармонбардори Эрон буд, низ ҳамчун сипоҳи Ашкониён ба «гунд», «дрош» ва «вашт» бахшбандӣ мешуд[23]. Ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон рота ба забони арманӣ. «Վաշտ» [вашт], ҳанг — «գունդ» [гунд] ё «Զորագունդ» [зӯрагунд], сарҳанг — «Գնդապետ» [гндапет] ва генерал-полковник — «գեներալ—գնդապետ» [general-gndapet] номида мешаванд.
Сипоҳи Сосониён
вироишСипоҳи Сосониён | ||
---|---|---|
Ягонҳо | Шумори нерӯҳо | Фармондеҳ |
radag | 10 сарбоз | *radagbān |
tahm | 100 сарбоз | tahmdār |
wašt | 500 сарбоз | wašt-sālār |
drafš | 1 000 сарбоз | drafš-sālār |
gund | 5 000 сарбоз | gund-sālār |
spāh | 10 000 сарбоз | spāhbed |
artēštārān | artēštārān-sālār |
Нерӯҳои мусаллаҳи Сосониёнро spāh (сипоҳ) меномиданд, ки ба ду шоха ҷудо мешуд: пиёдагон (порсии миёна: payādagān) ба фармондеҳии пиёдагонсолор (payādagān sālār) ва саворон (порсии миёна: aswārān) ба фармондеҳии саворонсолор (aswārān sālār)[24]. Бузургтарин ягони сипоҳ дар он замон gund (гунд)[13] будаву 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро gund-sālār (гундсолор) мехонданд[25]. Ҳар гунде аз чанд drafš (дирафш) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду wašt (вашт) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт. Ҳар ваште аз чанд tahm (таҳм)[26] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд radag (рада)[27] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш drafš-sālār (дирафшсолор)[25], фармондеҳи вашт wašt-sālār (ваштсолор)[25], сардори таҳм tahmdār (таҳмдор)[18] ва фармондеҳи рада эҳтимолан *radagbān (радабон) номида мешуд.
Фармондеҳи сипоҳ spāhbed (сипаҳбад) хонда мешуд[28]. Дар шоҳаншоҳии Сосонӣ баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ artēštārān-sālār (артишдоронсолор) буд[29][30], ки бино бар қаринаҳо, унвони дигаре барои Эрон сипоҳбед (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[31].
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамномии ягонҳои размии сипоҳи Арманистон бо Эрон дар замони Сосониён, метавон гуфт, ки шумори нерӯҳо дар ягонҳои размии сипоҳи Сосониён низ бо сипоҳи Арманистон ҳамсону баробар будааст. Чунончи, дар сипоҳи Арманистон ҳар гунд аз ду ё се дирафш ташкил меёфт ва дирафш низ, агар онро бо коҳорт (ягони размии сипоҳи Рум, ки маъмулан аз 500 – 600 сарбоз ташкил мешуд) ҳамсанҷӣ кунем, аз ду вашт созмон меёфтааст. Дар садаҳои IV — V милодӣ нерӯҳои размии подшоҳии Арманистон аз сипоҳҳо (ҳар кадоме 10 ҳазор сарбоз доштаанд), гундҳо (2 000 – 3 000 сарбоз), дирафшҳо (1 000 сарбоз), ваштҳо (500 сарбоз) ва ҳамчунин ягонҳои хурдтар – садаҳо ва даҳаҳо ташкил мешудаанд. Ин сохтори созмонии сипоҳи Арманистон ҳамсониҳои бисёре бо сипоҳи Рум ва бештар аз он бо сипоҳи Эрон дар замони подшоҳии Сосониён дошт[23]. Аз деворнивиштаҳои сипоҳиёни Сосонӣ дар куништи яҳудиёни шаҳри Дура-Европос метавон донист, ки садаҳо таҳм ва даҳаҳо рада номида мешудаанд[26].
Чуноне ки аз ҷадвали радабандии сипоҳи Сосониён дида мешавад, сохтори сипоҳи Сосониён ба сохтори артишҳои имрӯзӣ наздиктар аст. Чунончи, аз рӯи шумори нерӯҳо рада бо отделение, таҳм бо рота, вашт бо батальон, дирафш бо полк, гунд бо бригада ва сипоҳ бо дивизия баробар аст. Бо ҳамин қиёс, радабон бо сержант ё старшина, таҳмдор бо лейтенант, ваштсолор бо капитан ё майор, дирафшсолор бо полковник, гундсолор бо генерал-майор ё генерал-лейтенант ва сипаҳбад бо генерал-полковник ё генерали артиш баробар будаанд.
Пайвандҳо
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
- ↑ 3.0 3.1 Умед Ҷайҳонӣ: Агар раисҷумҳур тасмим гираду дастур диҳад, рутбаҳои низомӣ бечунучаро миллӣ мешаванд
- ↑ Полк-ҳанг, полковник - сарҳанг ва генерал-майор – гундсолор?
- ↑ Дар ниҳоят "генерал" - "солор" ва "дивизия" - "лашкар" мешаванд?
- ↑ 6.00 6.01 6.02 6.03 6.04 6.05 6.06 6.07 6.08 6.09 6.10 6.11 6.12 6.13 6.14 6.15 6.16 6.17 6.18 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 7.5 Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.
- ↑ Лившиц В. А. Парфянская ономастика. – СПб.: - Петербургское лингвистическое общество, 2010. – 400 с., ил. – (Азиатика). ISBN 978-5-4318-0006-1.
- ↑ Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
- ↑ 10.0 10.1 10.2 10.3 Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 30 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2022.
- ↑ Билгиромӣ, Ғуломалихон Озод. Хизонаи омира. — Ҳинд (Конпур), 1871; 1900. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.
- ↑ Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2011. — Т. 4 (i—k). — 416 с. — 800 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 978-5-02-036478-3. (в пер.). — стр. 389—391
- ↑ 13.0 13.1 Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-55-2.
- ↑ 15.0 15.1 W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975.
- ↑ 16.0 16.1 J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896.
- ↑ Шаҳбозӣ, Алиризо Шопур. Ҷанг дар Эрони бостон // Ҷусторҳои эроншиносӣ. Теҳрон: Китоби марҷаъ, 1391.
- ↑ 18.0 18.1 Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145.Матни аслӣ (рус.)
В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].
- ↑ Ilkka SYVÄNNE * (University of Haifa, Israel) Parthian Cataphract vs. the Roman Army 53 BC-AD 224
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
- ↑ Ҷалолӣ, Эраҷ. Артиши Эрон дар асри Сосониён. Теҳрон: Вадиъат, 1384. – 170 с. ISBN 964-7805-48-9.
- ↑ A. Sh. Shahbazi, “ARMY i. Pre-Islamic Iran,” Encyclopædia Iranica, II/5, pp. 489-499
- ↑ 23.0 23.1 Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
- ↑ Maksymiuk, Katarzyna; Syvanne, Ilkka (2018). The Military History of the Third Century Iran (in Англисӣ). Archeobooks. p. 55-59. ISBN 978-83-7051-894-3.
- ↑ 25.0 25.1 25.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ 26.0 26.1 Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 31 октябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
- ↑ Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22.Матни аслӣ (рус.)
... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
- ↑ W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
- ↑ Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
- ↑ Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.