Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам (4 октябри 1994, ноҳияи Ховалинг) — овозхони мусиқии попи тоҷикӣ,
Меҳрнигори Рустам | |
Таърихи таваллуд | 14 октябр 1994 (30 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг, Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Сабк | мусиқии попи тоҷикӣ |
Зиндагинома
вироишМеҳрнигори Рустам 14 октябри соли 1994 дар ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. Меҳрнигор аз синни 5 солагӣ ба суруд хондан оғоз карда то имрӯз дар озмунҳои зиёд иштирок кардааст. Вай мактаби байналмиллалии шаҳри Душанберо соли 2011 хатм кардааст. Донишҷӯи факултаи академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов буд ва соҳиби таҳсилоти олӣ гардидааст, ҳамзамон дар дастаи ҳунарии «Ориё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард. Бародараш Сафармуҳаммад Рустам низ сароянда мебошад.
Эҷодиёт
вироишСоли 2001 дар озмуни «Ғунчаҳои умед» ва соли 2003 дар озмуни «Офтобак» ширкат карда, соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун шудааст. Баъдан дар озмуни байналмилалии «Йединҷи туркча олимпиадалари» дар Туркия соҳиби медалҳои тило ва нуқра шудааст. Соли 2006 дар озмуни «Бозиҳои делфӣ» миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба гирифтани ду медали тило — дар бахши таронаҳои мардумӣ ва таронаҳои эстрадӣ ноил шудааст.[1] Дар Озмуни «Ҷило-2014», дар шаҳри Душанбе аз рўи 12 номинатсия ва аввалин бор дар сатҳи байналмиллаӣ доир гардид. Дар яке аз бахшҳои озмуни «Ҷило» дар самти «Мусиқии замонавӣ ва машҳур», овозхони беҳтарини мард Нобовар Чаноров ва сарояндаи зан Меҳрнигори Рустам дониста шуданд.[2] Ҳамроҳи сарояндагони варзидаи эстрадаи тоҷик: Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Ҷонибеки Мурод, Дамирбек Олимов Меҳрнигори Рустам (бо суруди «Таронаборон») дорандаи ҷоизаи «Tamoshow Music Awards — 2017» аз рӯи рейтинги шабакаи Ютуб соҳиб шудаст. Барои гирифтани ин ҷоизаи муътабари мусиқии тоҷик дар 9 бахш 45 номзад мубориза бурданд.[3]