Мирзо Бобоҷонов — ходими ҷамъиятӣ ва ҳизби коммунистӣ. Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон.

Мирзо Бобоҷонов
Мирзо Бобоҷонов
Таърихи таваллуд 25 феврал 1925(1925-02-25)
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 1992(1992)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Ҷоизаҳо

| Ордени Шараф, || Шаблон:Ордени Парчами Сурхи Ҷангӣ, 7 медал, Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Мирзо Бобоҷонов 25 феврали соли 1925 ба дунё омада, зодаи шаҳри Ӯротеппа мебошад. Пас аз хатми омӯзишгоҳи педагогӣ муаллими синфҳои ибтидоӣ буд. Феврали соли 1943 ба сафи Артиши Шӯравӣ даъват шуд. Ӯ дар ҳайати дивизияи 110 тирандозии гвардияи фронти Степной дар убури дарёи Днепр иштирок кардааст. Баъд аз маҷруҳшавӣ табобат ёфта ба дивизияи 97 тирандозӣ фиристода шудааст. Дар ҳайати ин дивизия аз апрели с. 1944 то марти с. 1945 ҳамчун командири дастаи пулемётчиён ва комсорги рота хидмат менамояд. Барои корнамоиҳояш дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени Шараф (дараҷаи 1), ду ордени Парчами Сурхи Ҷангӣ, 7 медал мукофотонида шудааст. Аз майдони ҷанг баргашта ӯ дар зодгоҳаш Ӯротеппа ба корҳои ҷамъиятиӣ маiғул мешавад, котиби якӯми кумитаи комсомолии шаҳр интихоб мешавад. Мирзо Бобоҷонов мактаби дусолаи ҳизбии назди КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанберо хатм кардааст. Соли 1959 ӯро ба дастгоҳи КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аввал ба сифати инструктор, сонӣ-ҷонишини мудири шуъба ва дар як вақт мудири хона маорифи сиёсӣи КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъйин мекунанд. Ӯ дар ин вазифа то соли 1989 яъне то ба нафақа баромаданаш бо самар фаъолият менамояд. Мирзо Бобоҷонов борҳо узви Кумитаи шаҳрии Душанбегии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, вакили мадуми дар Шӯрои халқии пойтахт, дар Шӯрои олии ИҶШС, узви КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1972 Раиси шуъбаи Душанбегии ветеранҳои ҷангу меҳнат буд. Ӯ соли 1973 сазовори унвони «Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон» гардидааст. Соли 1987 хидматҳои ӯро дар ҳаракати ветеранҳои Тоҷикистон ба назар гирифта ӯро нахуст раисии Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоқикистон интихоб намуданд. Яке аз ташаббускорони таъсиси ин ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳурӣ — Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнати Тоқикистон, Мирзо Бобоҷонов буданд. Соли 1992 ин марди шуҷоъ дунёи фониро падруд гуфт.[1]

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Ордени Шараф (дараҷаи 1),
  • ду ордени Парчами Сурхи Ҷангӣ,
  • 7 медал
  • Корманди хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон.

Нигаред

вироиш
  1. Воспоминания о друге. Памяти Мирзо Бободжанова. — Душанбе,2005. — C. 4-9, 13-15, 38 — 40