Мироҷ Абдуллоев (Абдуллоев Мироҷ Санонович; 15 августи 1948, ноҳияи Муъминобод) — ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мироҷ Абдуллоев
Абдуллоев Мироҷ Санонович
Таърихи таваллуд: 15 август 1948(1948-08-15) (76 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб, 1975
Ҳизб: Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Абдуллоев Мироҷ Санонович 15 августи соли 1948 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1975, Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва соли 1984 Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС-ро дар шаҳри Москва хатм кардааст. Ихтисос-забон ва адабиёти рус ва ҳуқуқшинос.

Фаъолияти корӣ

вироиш
  • Солҳои 1966—1968 Муаллими мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 1968—1970 Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи ИҶШС
  • Солҳои 1970—1975 Сардори Ситоди мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 1975—1979 Нозири калони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Кӯлоб
  • Солҳои 1979—1982 Ҷонишини сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати корҳои дохилаи вилояти Кӯлоб
  • Солҳои 1982—1984 Шунавандаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Москва
  • Солҳои 1984—1991 Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Совет
  • Солҳои 1991-1992- Сардори шуъбаи байни минтақавии Раёсати мубориза ба муқобили чиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ
  • 03-10 соли 1992- Сардори шуъбаи 6-уми Раёсати 6-уми ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятиКӯлоб
  • Солҳои 1992-1993- Сардори шуъбаи тарбиявӣ ва муҳофизати ҳуқуқии ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Кӯлоб
  • Солҳои 1993-1996- Сардори шуъбаи тарбиявӣ ва муҳофизати ҳуқуқии ҳайати шахсии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
  • Солҳои 1996-1997- Ҷонишини сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
  • Солҳои 1997-1999- Ҷонишин сардори Ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон
  • Солҳои 1999-2001- Сардори раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
  • Солҳои 2001-2004- Нозири калони шуъбаи 2-юми Раёсати кофтукови ҷиноии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2004-2005- Сардори шуъбаи байниноҳиявии дар минтақаи Кӯлоб будаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2005-2011- Ҳуқуқшиноси Дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 2011- 2014- Сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 2014- 2016- Ҳуқуқшиноси корхонаи фаръии байни ноҳиявии бақайдгирии техники шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
  • Солҳои 2016-2017- Намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии «Ҳомиёни Ватан» дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ҳамзамон Котиби аввали Комитети Хизби Коммунистии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб
  • Соли 2017 (03-04)- Котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон
  • Аз апрели соли 2017 то имрӯз Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]