Ӯлмас Мирсаидов
Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов (зод. 10 ноябр 1945, Истаравшан, вилояти Суғд) — кимиёдони тоҷик, доктори илми химия (1985), профессор (1988), академики АМИТ (1993). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009), барандаи Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2010). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023)[1]
Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов | |
Таърихи таваллуд | 10 ноябр 1945 (78 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои химия |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти химияву технологияи ба номи Д.И.Менделееви шаҳри Москва |
Ҷоизаҳо | Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023) |
Зиндагинома
вироишИнститути химияву технологияи ба номи Д. И. Менделееви Москваро хатм кардааст (1967)[2]. Доктори илми химия (1985), профессор (1988). Академик (1993, ихтисос — «химия», узви вобаста, 1987). Директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ (1988—2002), директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ АИ ҶТ аз (2005 .
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи моддаҳои энергиядор, технологияи коркарди ашёи хоми маъданӣ, амнияти радиоэкологӣ, экологияи химиявӣ. .
Таълифот
вироишМуаллифи беш 450 мақола, 15 монография, 75 шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф ва патент мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдии ӯ бо хулосаҳои мусбӣ дар заводҳои гидрометаллургии Исфара (ҶШС Тоҷикистон) ва ТҶ "Навоиазот" (ҶШС Узбакистон) санҷида ва татбиқ карда шуданд ва аз ҷониби Комиссияи Академияи илмҳои ИҶШС баҳои баланд гирифтанд[3].
Унвону ҷоизаҳо
вироиш- ордени «Дӯстӣ»,
- медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
- Ихтироъкори ИҶШС (1982),
- Ихтироъкори шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).
- Бо медали тилои Академияи илмҳои Миллии Арманистон,
- медали нуқраи Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои илмҳо «Барои ҳамкории рушди илм»
- Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1980),
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009),
- Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2010).[4]
- Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023)[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (31 августи 2023). 5 сентябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Выпускники Российского химико-технологического университета им. Д.И.Менделеева 1951-1969 / академик РАН П.Д. Саркисов. — Москва: РХТУ им. Д.И. Менделеева, 2002. — 220 с. — ISBN 5-7237-0321-8.(рус.)
- ↑ Паёми Академияи илмҳои ИҶШС, соли 1980, № 9
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ӽайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216с.