Волфганг Амадей Мотсарт

(Тағйири масир аз Мотсарт)

Волфганг Амадей Мотсарт (1756-1791) — композитори бузурги австриягӣ.

Волфганг Амадей Мотсарт
олмонӣ: Johann Chrysostomos Wolfgang Gottlieb Mozart
Retrato de Mozart, por Johann Nepomuk della Croce (detalle).jpg
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд лот. Johannes Chrysostomus Wolfgangus Theophilus Mozart
Таърихи таваллуд 27 январ 1756(1756-01-27)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 декабр 1791(1791-12-05)[1][2][3][…] (35 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 17611791
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, омӯзгори мусиқӣ, пиёнунавоз, мусиқидон, organist, violinist
Соз Арғунун, clavichord[d], harpsichord, fortepiano[d], скрипка, viola, фортепиано ва pipe organ[d]
Сабк опера[6], симфонӣ[d], concerto[d], Мусиқии камеравӣ[7], string quintet[d], piano sonata[d], piano concerto[d], string quartet[d], Мусиқии симфонӣ, religious music[d] ва мусиқии клоссик[d]
Ҷоизаҳо
Order of the Golden Spur
Соядаст
Соядаст
Commons-logo.svg Аудио, фото, видео дар Викианбор
Осор дар Викитека

ЗиндагиномаВироиш

Гузаштагони ӯ усто буданд, падараш – мусиқичӣ. Аз сини 4-солагӣ Мотсарт дар клавесин ва скрипка менавохт, аз 6-солагӣ ба эҷоди мусиқӣ шурӯъ кард ва дар 7-солагӣ бо бадеҳанавозӣ дар клавесин, скрипка, арғунун бо мусиқинавозони машҳур бомуваффақият мусобиқа мекард. То сини 14-солагӣ Мотсарт ҳамчун композитори шинохта муаррифӣ гардид, операҳои ӯ дар Театри Милан иҷро мешуданд. Дар 15-солагӣ ӯро узви академияи мусиқии Болон ва Верон интихоб намуданд. Аз с. 1769 то 1781 (бо танафус) Мотсарт дар хори ҳофизони (каппела) дарбори апископи калони залтс-бургӣ хизмат мекунад.

ЭҷодиётВироиш

Волфганг Амадей Мотсарт то 18-солагӣ зиёда аз 30 симфония, 13 квартет, 14 соната ва ғ. асарҳо офаридааст. С. 1781 М. ба Вена, Утриш кӯч баст. Дар пойтахти имперотурии Утриш зистанаш, вақти шукуфоии эҷодиёташ оғоз шуд. Дар давраи дар Вена буданаш операҳои беҳтарини ӯ офарида шудаанд: «Арӯсии Фигаро» (1786), «Дон Жуан» (1787), «Флейтаи сеҳрнок» (1791), симфонияҳои бештар машҳураш, консертҳои фортепианӣ, сонатаҳо, квартетҳои торӣ, квинтетҳо, Реквиеми (марсия) овозадораш ва ғ. Операҳои Мотсарт – намунаҳои олии навъи нави асарҳои мусиқӣ – саҳнавӣ буда, композитор дар онҳо ислоҳоти жанри операро ба вуҷуд овард. Мотсарт – навовари ҳамаи жанрҳои мусиқии замони худ, офарандаи мусиқии гениалии он давра, ки рамзи зебоӣ ва гармонии ҷаҳониён гардид, мебошад.[8]

ЭзоҳВироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118584596 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
  3. 3.0 3.1 RKDartists
  4. 4.0 4.1 Моцарт Вольфганг Амадей // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. 5.0 5.1 http://www.oxfordreference.com/view/10.1093/oi/authority.20110803100213606
  6. http://www.tandfonline.com/doi/pdf/10.1525/lal.2008.20.1.47
  7. http://www.musicweb-international.com/classrev/2014/Apr14/Brahms_quintets_CDA67900.htm
  8. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 235-236 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)