Музаффар Махсумов
Музаффар Махсумов — ахтаршинос, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997).[1] Фарзанди Нусратулло Махсум.
Музаффар Нусратуллоевич Махсумов | |
Таърихи таваллуд | 18 май 1937 |
Зодгоҳ | Маскав, Русия |
Таърихи даргузашт | 19 сентябр 2013 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ахтарфизик |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Зиндагинома
вироишМузаффар Нусратуллоевич Махсумов Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1961) ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1965 хатм кардааст, ихтисос — «астрофизика». Директор (1978—1992), мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо (1992—2005), роҳбари гурӯҳи «Сохтор ва динамикаи системаи ситораҳо»-и (2005—2011) Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҶТ. Фаъолияташ пурра дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Тоҷикистон гузаштааст аз 2005 то поёни умр роҳбарии гурӯҳи омӯзиши сайёраҳои пажӯҳишгоҳи номрафтаро ба зимма дошт.
Фаъолияти илмӣ
вироишСамтҳои асосии фаъолияти илмӣ: динамикаи системаи ситораҳо, физикаи галактикаҳо (масъалаҳои устуворӣ ва эволютсияи галактикаҳо). Таҳқиқоташ ба ҳаракати системаи ситораҳо дахл дошт, усулҳои назарияи кинетикии плазма ва асимтотикии лаппишҳои ғайрихаттиро дар ҳаракат ва эволютсияи системаи зарраҳо татбиқ намуда, кинетикаи ноустувории гравитасиониро дар системаи ситораҳо бар асоси таснифоти морфологии галактикаҳо омӯхтааст. Ба кашфи ноустувориҳои гравитасионӣ дар системаи ситоравии чархзананда даст ёфта, назарияи умумигардонидаи ошубҳои спиралшакли зичии ситораҳоро такмил бахшид, ноустувории қурсиҳои ситоравиро дар доираи ҳудудиашон ошкор кардааст. Теъдоди таълифоти илмиаш аз ҳафтод мегузарад.
Осор
вироиш- Коллективные явления в звёздных системах. — Д., 1966;
- Дифференциальные эффекты в пекулярных движениях звезд и динамика дифференциального вращающихся галактик. — Д., 1974;
- О кинетике возбуждения дрейфовых волн плотности при допплерэффекте. — Д., 1975;
- Динамика спиральных волн плотности в звёздных дисках: Дисс… доктора физ-мат. наук. — Ленинград, 1987.[2]
Сарчашма
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 324.