Муллоназар Холназаров

Муллоназар Холназаров (зод. 28 сентябри 1954, деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод) — низомии тоҷик, полковник.

Муллоназар Холназаров
Зодрӯз 28 сентябр 1954(1954-09-28) (70 сол)
Зодгоҳ деҳаи Дарғ, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод
Мансубият  Тоҷикистон
Рутба сарҳанг

Зиндагинома

вироиш

Муллоназар Холназаров 28 сентябри соли 1954 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Дар соли 1976 факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соҳиби 5 фарзанд мебошад.

Корнома

вироиш

Солҳои 1982—1985 тарҷумон дар Афғонистон, солҳои 1988—1992 корманди ҷамияти «Китоб», 1992—1993 мудири матбуоти Фронти халқии Тоҷикистон буд[1].

Аз соли 1993—2005 дар Вазорати мудофиа ба ҳайси муовин сардори сарситоди Қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардааст. Аз соли 2005—2015 ба кори ҳарбӣ-дипломатӣ гузашта, аташеи низомӣ дар кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Эрон фаолият кардааст. Полковник Муллоназар Холназаров ба давлатҳои Амрико, Олмон, Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Эрон, Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Молдова ва ғайраҳо сафарҳои корӣ анҷом додааст. Муллоназар Холназаров соли 1997 ба рутбаи подполковник ва соли 1998 ба рутбаи палковник мушарраф гардидааст. Палковник Муллоназар Холназаров дар амалётҳои муҳими ҳарбию низомӣ дар ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон иштирок карда дар ин набардҳо ҳамеша аз ақлу хираду худ бар муқобили душман истифода кардааст. Айни ҳол палковник Муллоназар Холназаров ҳамчун сарходими Инистути омузиши масалаҳои Осиё ва Аврупо фаолият дорад. Узви Иттифоқи рӯзноманигорон ва муаллифи беш аз 30 мақолаҳои илмӣ оммавӣ.

Муллоназар Холназаров муаллифи китобҳои «Дар чашмони хотираҳо», ва "Эрони муосир" мебошад.

Ҷоизаҳо

вироиш

Муллоназар Холназаров бо ордени Спитамен ва беш аз 15 медалӣ ҷангӣ қадр шудааст.

  1. Кенҷаев Сафаралӣ. Табаддулоти Тоҷикистон: Китоби дуюм. Душанбе, Фонди Кенҷаев, Тошканд, нашриёти "Ӯзбекистон", 1994, — С. 60 — 496 с. Табад. islamperspectives.org. Russian Perspectives on Islam. 6 апрели 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 апрели 2023.