Мунира Иноятова
Мунира Иноятова (Иноятова Мунира Абдуллоевна; зод. 5 феврали 1948, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадор ва омӯзгори тоҷик, номзади илмҳои педагогика (1998)[1]. Академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия. Корманди шоистаи Тоҷикистон. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994—1994).
1994 — 2000 | |
Пешгузашта | Бозгул Додхудоева |
Ҷонишин | Сафаралӣ Раҷабов |
Таваллуд | 5 феврал 1948 (76 сол) |
Таҳсилот | Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкан |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои педагогика |
Касб | омӯзгорӣ |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Институти давлатии педагогӣ (1970) ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд (1986). Муаллими мактаб дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (1970-1971), муаллимаи мактаби № 29 шаҳри Душанбе (1971—1976), муаллима, ҷонишини директори мактаби № 48 (1976—1979), директори мактаби № 65 шаҳри Душанбе (1979—1981), ҷонишини раиси ҳукумати ноҳияи Октябр (1981—1983), котиби КП ноҳияи Марказӣ (1983—1986), раиси Комитети иттифоқи касабаи кормандони илм ва маориф (1986—1987), котиби ҲК шаҳри Душанбе (1987—1989), ҷонишини вазири маориф (1989—1990), ҷонишини аввали раиси Комитети кормандон ва тайёр кардани кадрҳо (1990—1993), ҷонишини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (1993—1994), Вазири маориф (1994—2000), мушовири давлатии Президенти ҶТ (2000—2001), мудири шуъбаи илм ва таълими Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (2001—2003), ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҷоизаҳо
вироишАълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Корманди шоистаи Тоҷикистон.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Иноятова, Мунира Абдулаевна. Организационно-педагогические основы стандартизации образования : на примере стандартизации общего среднего образования Республики Таджикистан : автореферат дис. ... кандидата педагогических наук : 13.00.01. search.rsl.ru. Search RSL. 9 апрели 2021 санҷида шуд.