Сафаралӣ Раҷабов (Раҷабов Сафаралӣ Раҷабович; 2 сентябри 1955, деҳаи Чилча, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС — 6 октябри 2011, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими давлатии Тоҷикистон. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон. Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2000), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000—2005). Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2005 то охири умр).

Сафаралӣ Раҷабов
парчам
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 апрели 1995 — январи 2000
Пешгузашта Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ
Ҷонишин Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ
2000 — 2005
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Мунира Иноятова
Ҷонишин Абдуҷаббор Раҳмонов
Таваллуд 2 сентябр 1955(1955-09-02)
Даргузашт 6 октябр 2011(2011-10-06) (56 сол)
Ҳизб КПСС,
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Касб сиёсатшинос
Эътиқод ислом, суннӣ
Ҷоизаҳо
Дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ, Ордени «Иттиҳод»

Медали «20-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Раҷабов Сафаралӣ 2 сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи индустриалӣ-омӯзгории Институти давлатии педагогии Душанбе (1977), факултаи механиконии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1989) хатм кардааст. Муаллими мактаби миёнаи № 8 (1977), мудири Клуби варзиши техникии ДОСААФ (1977-80), директори Комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии ноҳия (1981-86), директори Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24 ноҳияи Файзобод (1986-89), депутат (аз соли 1990), котиб, ҷонишини раис ва раиси (аз соли 1993) Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон (1990-95), Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—2000), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-05). Аз 17 марти соли 2005 то охири умр раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ. Бо орденҳои Исмоили Сомонӣ, «Иттиҳод» ва медали «20-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Пайвандҳо

вироиш