Мусиқии рақсӣ (англ. Dance music) — як навъи мусиқиест , ки барои ҷӯршавии рақсҳо муқаррар гардидааст. Дар мусиқии рақсӣ хусусияти ритми (усули) бурро ифода ёфтааст ва барои ҳар рақс суръат, ритми муайян ва хусусияти хоси ҳаракатҳои рақсӣ шарт аст. Ба қавли Х. Абдуллоев «мусиқии рақсӣ қисми таркибии мусиқии сабук буда, хеле қадимист ва асосан тавассути созҳои мусиқӣ иҷро мегардад. Дар байни халқ барои жанрҳои вокалӣ ҳам рақсҳо мавҷуданд (мас., дар байни тоҷикону ӯзбекҳо лапар, ялла, бадеҳа ва ғайра), ки бо ҳамоҳангии созҳои мусиқӣ ё бе онҳо иҷро мешаванд. Дар байни халқ, асосан дар Шарқ созҳои мусиқии зарбӣ (дойра, нағора, таблак ва ғайра) вуҷуд доранд, ки ба мусиқӣ ҷӯр шуда, мусиқии рақсиро сермазмуну фараҳангез менамоянд.

Дар рақсҳои пантомимӣ мусиқии рақсӣ хусусияти тасвирӣ дорад, ки он алалхусус дар намоишҳои театрӣ (балет) равшан ба назар мерасад.

Мусиқии рақсии консертӣ (барои валс, полонез, мазурка) дар ҷаз низ маъмул аст. Усулу оҳангҳои рақсии халқӣ дар қатори дигар намунаҳои мусиқии фолклорӣ манбаи асосии инкишофи ритм, интонатсия ва умуман мусиқии миллӣ – касбӣ (бисёровоза) ба шумор меравад. Ритмҳои мусиқии рақсӣ барои ташаккули симфонияҳои классикӣ (мас., Симфонияи 7-уми Бетховен, соната, жанрҳои созию овозӣ, драмаи мусиқӣ ва ғайра) таъсир намудааст. Аксари сютаҳо аз оҳангҳое, ки хусусияти мусиқии рақсӣ доранд, офарида мешаванд. Яке аз қисмҳои таркибии сюитаи силсилавӣ дар асоси оҳанги рақсӣ (усули муайяни рақс) эҷод мегардад. Композиторони шӯравӣ анъанаҳои беҳтарини композиторони классикиро идома дода, барои мусиқии рақсӣ асарҳои пурмазмуну баландғоя офаридаанд. Аз ҷумла, композиторони тоҷик дар жанрҳои сюита («Хуш он замон»), «Баҳор ва ҷавонӣ»-и З. Шаҳидӣ; «Лола»-и Х. Абдуллоев, «Суруди кӯҳсор», «Чорзарб» ва «Ёр омад»-и А. Одинаев, кантата («Ғалаба», «Шаъну шараф ба партия»-и А. Ленский; «Кантата»-и идонаи З. Шаҳидӣ) ва дар асарҳои созию овозиашон Я. Сабзанов («Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян, «Дӯстии халқҳо»-и А. Ленский, «Сюитаи тоҷикӣ», «Навои кӯҳистон»-и К. Тушинок ва ғайра) аз имкониятҳои мусиқии рақсӣ васеъ истифода кардаанд».[1]

Нигаред

вироиш
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 244-245 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)