Аламшоев Муқбилшо Мирзовафоевич ( 15 июли 1956, деҳаи Миденшаври ноҳияи Шуғнон) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (2002), профессор (2010).

Аламшоев Муқбилшо
Номи пурра Аламшоев Муқбилшо Мирзовафоевич
Таърихи таваллуд: 15 июл 1956(1956-07-15) (68 сол)
Зодгоҳ: Шуғнон
Навъи фаъолият: забоншинос

Солҳои фаъолият

вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1979). Муаллими мактаби миёна (1979 – 1989). Солҳои 1990 – 2009 дар Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии АИ Ҷумщурии Тоыикистон (дар Помир) дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ то мудири шуъбаи таҳқиқи забонҳои помирӣ кор кардааст. Аз соли 2009 сарходими илмии муассисаи номбурда. Унвонҷӯи Институти забоншиносии шаҳри Санкт-Петербург (1990 – 1992). Дар кафедраи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ кор мекунад. Муҳаққиқи забони шуғнонӣ (ҷонишинҳои ин забон дар муқоиса бо дигар забонҳои помирӣ, лексикаи чорводорӣ аз нигоҳи этнолингвистӣ ва муқоисавии таърихӣ ва ғайра). Муаллифи «Алифбои шуғнонӣ» (1996) ва дастурҳои таълимст.

  • Система местоимений шугнанского языка в сравнении с другими языками шугнано-рушанской группы памирских языков, Хорог, 1994; *Шугнанская животноведческая лексика в этнолингвистическом и сравнительно-историческом освещении, Д., 2007.

Сарчашма

вироиш