Муқим Воҳид
Муқим Воҳид — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1994)
Муқим Воҳид | |
Таърихи таваллуд: | 9 апрел 1950 (74 сол) |
Зодгоҳ: | Хуҷанд, Суғд |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, омӯзгор |
Солҳои эҷод: | 1971 - то ҳол |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2013) |
Зиндагинома
вироишМуқим Воҳид 9 апрели соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1967, вориди факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд гашта, соли 1971 ба итмом расондааст. Фаъолияти омӯзгориро моҳи августи соли 1971 дар мактаби миёнаи №1 шаҳраки Табошар (ҳозира Истиқлол) оғоз намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1972 то даъват шуданаш ба хидмати ҳарбӣ дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мусаҳҳеҳӣ кардааст. Аз соли 1992 дар Литсейи физикӣ- математикии №1 ба номи академик Осимии шаҳри Хуҷанд омӯзгорӣ ва маҳфили «Адибони ҷавон»-ро роҳбарӣ мекунад. Ҳамзамон, солҳои зиёдест, ки масъули филиали Хуҷанди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон мебошад. Соли 1994 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Эҷодиёт
вироишФаъолияти адабиаш аз ҳамон сол оғоз ёфта, ҳикояҳояш муттасил дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда», «Бо роҳи Ленинӣ», «Маориф ва маданият» ва «Газетаи муаллимон» ба дасти чоп расидаанд. Соли 1991 қиссаи нахустини ӯ «Оби зулол» аз ҷониби нашриёти «Адиб» интишор ёфтааст. Соли 2003 китоби дувуми худ «Ашки ишқ», соли 2008 маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Дунёи бевафо»-ро манзури хонандагон гардондааст.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи Тоҷикистон;
- Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (2013).[1]
Сарчашма
вироиш- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 67-68 ISBN 978-99947-2-379-9