Муҳаммадраҳими Сайдар
Муҳаммадраҳими Сайдар (1952, ноҳияи Рашт, ҶШС Тоҷикистон — 3 январи 2010, Тула) — хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия.
Таърихи таваллуд | 1952 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Рашт, Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 3 январ 2010 |
Зиндагинома
вироишДар соли 1952 дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Радиои Тоҷикистон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда, дар Маскав сардабирии нашрияи «Паём»-ро дар уҳда дошт. Муаллифи чандин асари насрии бадеӣ мебошад, ки бархе аз онҳо ба забонҳои гуногун баргардонида шудаанд.
Фаъолият дар Радиои Озодӣ
вироишМуҳаммадраҳим дар соли 2001 ба Радиои Озодӣ пайваст ва таҷрибаи ғановатманди худро аз давраи кораш дар Радиои Тоҷикистон, шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Паём»-и чопи Маскав бо худ овард. Вай дар ҳоле ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия ба кор сар кард, ки дар ҷараёни таҳия ва нашри ҳафтаномаи тоҷикии «Паём» дар Маскав бо доираҳои васеи тоҷикони Русия ва мақомоти марбутаи Русия ошноӣ пайдо карда буд ва аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар огоҳии дасти аввал дошт. Дар солҳои баъдӣ ба чандин шаҳру рустои Русия сафар кард ва аз он ҷо гузоришҳои пурмӯҳтаво ва амиқ таҳия кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар хабарнигоре буд, ки мо ахбори расонаҳои ҳамагонии Русияро бо ӯ меозмудем. Борҳову борҳо шудааст, ки гузоришҳои Сайдар ахбори расонаҳои русиро рад кардаанд ва ба хабарҳо ҷузъиёту паҳлуҳои нав ворид намудаанд. Ҳамчун тоҷик ва шахси ватандӯст, вай аз бархӯрди васоити ахбори оми Русия ба тоҷикон азоби рӯҳӣ мекашид, бо манобеъи хабарии Русия вориди баҳс мешуд, ба марги муфоҷои муҳоҷирони тоҷик ашк мерехт, аммо дар гузоришҳои худ бетарафона, ростбинона аз воқеъият сухан мегуфт.
Беморӣ
вироишЗиёда аз ду моҳи охир Муҳаммадраҳим аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористон зери назари пизишкон буд. Як соли гузашта низ чанд бор ҳафтаҳое аз шиддати беморӣ ранҷ мебурд ва бо вуҷуди беморӣ ва дархости ҳамкорон, ки бо муолиҷа машғул бошад, талош мекард, хабарҳои муҳими Русияро дар барномаҳо ва сомонаи Радиои Озодӣ пӯшиш диҳад. То ин беморӣ вай аз пуркортарин хабарнигорони Радиои Озодӣ буд ва дар Русия рӯйдоди муҳими марбут ба Тоҷикистон ё муҳоҷирони тоҷик набудааст, ки аз диди журналистии ӯ канор монда бошад.
Бемории Муҳаммадраҳим аз замони ҷанги солҳои 1992—1997 дар Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро шахси бениҳоят ҳассос ва одил буд. Вай дар таҳия ва таҳрири китоби машҳури Бӯрӣ Карим «Фарёди солҳо» саҳм гирифтааст ва ҳақиқати он ҷангро ба хубӣ медонисту ин ҳақиқатро аз миёни дилу ҷонаш гузарондааст. Сайдар ҳамчунин яке аз нависандагони хушсалиқаи Тоҷикистон буд. Ҳарчанд достону ҳикоёти кам нашр кардааст, дар ҳар яки онҳо истеъдоди нодири ӯ дурахшидааст ва ӯ тавонистааст, бо аввалин достонҳояш мавриди баррасии танқиди адабии Тоҷикистон қарор бигирад ва ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.
Муҳаммадраҳими Сайдар шоми якшанбеи 3 январи 2010 дар синни 57-солагӣ дар бемористони шаҳри Тулаи Русия аз ҷаҳон чашм пӯшид.