Муҳаммадюсуф Имомзода

Муҳаммадюсуф Имомзода (Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ; 28 апрели 1959, шаҳраки Совет, ноҳияи Совет, ҶШС Тоҷикистон[1]) — ходими давлатӣ, Вазири маориф ва илми Тоҷкистон[2].Олим, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014).[3] Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот (Оксфорд, Англия). Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V.

Муҳаммадюсуф Имомзода
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ
Муҳаммадюсуф Имомзода
[[File: Тоҷикистон|22px|парчам]] Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 январи соли 2020 — то ҳол
Раиси ҳукумат Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Таваллуд

28 апрел 1959(1959-04-28) (61 сол)
шаҳраки Совет, ноҳияи Совет, ҶШС Тоҷикистон

Ном ҳангоми таваллуд

Имомов Маҳамаисуф Сайдалиевич

Таҳсилот

Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Дараҷаи илмӣ

доктори илмҳои филология

Унвони илмӣ

профессор

Фаъолият

филология

Ҷоизаҳо

Ордени Дӯстӣ (2011), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия.

Ҷойҳои кор

ЗиндагиномаВироиш

Муҳаммадюсуф Саидалӣ Имомзода 28 апрели соли 1959 таваллуд ёфта, соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯъи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.

Фаъолияти корӣВироиш

  • 1981—1984 — лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1984—1985 — муҳақиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ;
  • 1985—1991 — аспирант, ходими хурди илмии забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 1991—1999 — лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 1999—2004 — декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 2004—2012 — ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
  • 2012—2020 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[4] 24 январи соли 2020 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Вазири маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тайин гардид.[5]

Фаъолияти илмӣВироиш

Муҳаммадюсуф Имомзода соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад.

Осори илмию методии профессор Муҳаммадюсуф Имомзода аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.

Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёнгузорӣ шуд. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.

Осори илмӣВироиш

Муаллифи монография ва маҷмӯаи мақолоти илмии «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ», «Маънавият ва нақши зоҳир», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ», «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад.

ҶоизаҳоВироиш

Бо ордени «Дӯстӣ» ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия сарфароз гардонида шудааст.


ПайвандҳоВироиш

ЭзоҳВироиш