Муҳаммадюсуф Имомзода
Муҳаммадюсуф Имомзода (Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ; 28 апрели 1959, шаҳраки Совет, ноҳияи Совет, ҶШС Тоҷикистон[1]) — ходими давлатӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014)[2], узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот (Оксфорд, Англия). Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2022).
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ | |
24 январи 2020 — 21 феврали 2022 | |
Нахуствазир | Қоҳир Расулзода |
Президент | Эмомалӣ Раҳмон |
Пешгузашта | Нуриддин Саидов |
Ҷонишин | Раҳимҷон Саидзода |
Таваллуд |
28 апрел 1959 (65 сол) |
Ном ҳангоми таваллуд | Имомов Маҳамаисуф Сайдалиевич |
Таҳсилот | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои филология |
Унвони илмӣ | профессор |
Фаъолият | филология |
Ҷоизаҳо |
Аълочии маорифи Тоҷикистон Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия. |
Ҷойҳои кор |
Зиндагинома
вироишМуҳаммадюсуф Саидалӣ Имомзода 28 апрели соли 1959 таваллуд ёфта, соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯъи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд.
Фаъолияти корӣ
вироиш- 1981—1984 — лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1984—1985 — муҳақиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ;
- 1985—1991 — аспирант, ходими хурди илмии забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1991—1999 — лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 1999—2004 — декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 2004—2012 — ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
- 2012—2020 — ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 2020—2022 — вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон[3][4].
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[5]
Фаъолияти илмӣ
вироишМуҳаммадюсуф Имомзода соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад.
Осори илмию методии профессор Муҳаммадюсуф Имомзода аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд.
Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёнгузорӣ шуд. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд.
Осори илмӣ
вироишМуаллифи монография ва маҷмӯаи мақолоти илмии «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ», «Маънавият ва нақши зоҳир», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ», «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «Дӯстӣ» ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Русия сарфароз гардонида шудааст.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011. — 386 стр.. 28 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2015.
- ↑ http://www.ozodagon.com/18834-prezident-akbar-tursun-va-5-nafari-digar-akademik-shudand.html Бойгонӣ шудааст 6 сентябри 2015 сол. Президент, Акбар Турсун ва 5 нафари дигар академик шуданд, 15 ноябр 2014
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Имомзода М. С.. president.tj. 24 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Имомзода М. С.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ [http://majmilli.tj/0033-2/ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ Ҳабибулло](тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.