Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ
Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ (қарни XVII) — ҳаттот, наққош, ҷадвалкаш, лаввоҳи форс-тоҷик, шогирди Миралии Хаттот.
Зиндагинома
вироишАз овони ҷавонӣ ба нигоришу хушнависӣ, ҳалкорию лаввоҳӣ шуғл дошта, дар айни ҳол ҳунари наққоширо аз Мирзоалии Мусаввир ва Мираки Исфаҳонӣ омӯхт. Баъди камолоти ҳунар ба Табрез рафта, дар он ҷо девонҳои Саъдӣ, Ҳофиз, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомиро китобат карда ороиш додааст. Ӯ дар хушнависӣ, лаввоҳӣ, ҷадвалкашӣ шогирдони зиёде дошт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муҳаммадҳусайн Собири Табрезӣ / А. Раҷабов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).