Муҳаммадҳусейн Беҳҷат
Шаҳриёр Устод Сайид Муҳаммадҳусейн Беҳҷати Табрезӣ мутахаллис ба Шаҳриёр, дар ҳақиқат, бузургтарин ва машҳуртарин ғазалсарои давраи муосир аст, ки ғазалиёти нағзу пурмағзаш бар тораки ғазали муосири Эрон медурахшад ва ному ёд ва шеъри ӯ дар дилу ҷони дӯстдорони шеър ва адаб нишастааст.
Муҳаммадҳусейн Беҳҷат | |
Тахаллусҳо: | Шаҳриёр |
Номи пурра | Сайиди Табрезӣ |
Таърихи таваллуд: | 1907 |
Зодгоҳ: | Табрез |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | порсӣ |
Зиндагинома
вироишУстод Шаҳриёр дар соли 1907 дар Табрез (Озарбайҷон) ба дунё омад ва таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаро дар ин шаҳр ба поён бурд ва дар синни 15- солагӣ дар мадрасаи Дорулфунуни Теҳрон таҳсил намуд. Вай ар соли 1925 ба мадрасаи олии туллоб ворид ва чанде баъд дар риштаи пизишкӣ машғули таҳсил мешавад, вале дар синни 23-солагӣ ба иллати моҷарои ошиқона ва ҷудоӣ аҳ маъшуқ тарки таҳсил менамояд. Дар соли 1933 дар снни 25-солагӣ нахустин маҷмӯаи ашъораш бо муқаддимаи Маликушшуаро Баҳор, Сайид Нафисӣ ва Пажмони Бахтиёрӣ ба чоп мерасад, ки мавриди иқболу истиқболи беназири аҳли шеъру адаб қарор мегирад. Дар соли 1942 бо Нимо Юшиҷ ошно мешавад ва то поёни умри Нимо Шаҳриёр бо ӯ иртиботи бисёр самимона ва дӯстонае дошт ва ин ду шоири буҳург дардҳо ва афкори муштараке доштанд ва Шаҳриёр ба пайравӣ аз Нимо ашъоре ҳамчун: "Эй вой, модарам", "Мумиё" ва "Паём ба Энштейн"-ро суруд, ки мӯҷиби тааҷҷуб ва шигифтии шеършиносону адибон қарор гирифт ва ҳамагон лаб ба таҳсину тамҷиди Шаҳриёр кушуданд. Аз вақоеи муҳиму муассири зиндагии Шаҳриёр ширкат дар нахустин кунгураи нависандагони Эрон ба раёсати Маликушшуаро Баҳор ва баъдҳо интишори манзумаи "Ҳайдаробод" аст, ки чанде баъд ба кӯшиши профессор Аҳмади Оташ дар Туркия ба чоп расид. Дар соли 1959 рӯзи 16 исфаснд ба номи "Рӯзи Шаҳриёр" аз тарафи вазорати фарҳанги он замон номгузорӣ мешавад ва бо ҳуҳури бузургону удабо ва шуаро аз вай таҷлил мегардад. Дар соли 1970 аз тарафи Донишгоҳи Табрез дараҷаи устоди ифтихории Донишгоҳ ба ӯ ато мешавад. Саранҷом баъд аз халамоти бисёр шоиставу боиста ба шеъру адабу фарҳанги форсӣ ва озарӣ (туркӣ), баъд аз чор моҳи бистарӣ ва беморӣ дар синни 82-солагӣ дар бемористони "Имом Ҳумайнӣ (р)" дар соли 1989 ба олами малакут парвоз кард. Дар марвриди пойгоҳ ва ҷойгоҳи барҷастаи Шаҳриёр бояд гуфт, ки вай аз ҷавонӣ то поёни умр бо шоҳистарин ва барҷастатарини удабову фузало ва шуарои бузурги Эрон ошноиву Дӯстӣ ва муровадаи шеърию адабӣ дошт. Аз ҷумла Маликушшуаро Баҳор, Сайид Нафисӣ, Парвини Эътисомӣ, Эраҷ Мирзо, Аллома Деҳхудо, Мирзода Ишқӣ, Доктор Хонларӣ, Нимо Юшиҷ, Ахавони Солис, Нодири Нодирпур, Симини Беҳбаҳонӣ ва Ҳушанг Ибтиҳоҷи Соя ва ғайра ҳамчунин бо Рустам Алиев - эроншиноси маъруфи шӯравӣ, Ғамзатов - шоири доғистонӣ, Сулаймон Рустам ва Муҳаммад Раҳим - аз шуарои Қафқоз, дӯстии бисёр наздике дошт. Дарвоқеъ Шаҳриёр ӣаъд аз Маликушшуаро Баҳор охирин ҳалқаи шеъру адаби классик аст. Ба қавли доктор Ризо Бароҳанӣ, Шаҳриёр ҳусни хитоме аст барои шеъри классики мо. Дар воқеъ Шаҳриёр шоири шӯру ҳол буд ва на қилу қол; девони ӯ нишонгари паҳноварии вусъати ҳиссу ҳоли шоиронаи ӯст, чи аз шайси мазомину муҳтавои густарда (ишқ, ирфон, зуҳд, дин, таълим, ахлоқ, сиёсат, иҷтимоъ, марсия, тавсиф, танз, ихвония ва ғайра) ва чи аз лиҳози корбурди анвои қолабҳои шеърӣ (ғазал, қасида, маснавӣ, қитъа, мусаммат, муламмаъ ва ғайра); бо ин ҳама номи Шаҳриёр бо ғазалу ғазалсароӣ аҷину омехта шудааст. Ӯ дар ғазал пайрави шеваи шоирони баландмартабаи форсӣ аз ҷумла; Саъдӣ, Саноӣ, Мавлавӣ ва ба вида Ҳофиз буд ва то он ҷо, ки метавон гуфт, бисёре аз ғазалиёти Шаҳриёр ба номи "Ҳофизонаҳои Шаҳриёр" ном гирифтааст ва дар ғазалиёти худ 160 мавриди истиқбол аз Ҳофизу 32 мавриди тазмини шеъри Ҳофизро кардааст. Бо ин ҳама Шаҳриёр истиқлоли забониву сабкии худро комилан ҳифз кардааст ва ашъораш зи такрору тақлиду кӯҳнагароӣ аст ва мафоҳиму мазомини нав ва модерне дар ҷо-ҷои ғазалиёти ӯ ҳувайдост. Ва ҳамин амр боис шуд, ки бисёре аз шуарои ғазалпардоз таҳти таъсири ашъори ӯ қарор бигиранд ва ба қавле, дар ғазал пайрави Шаҳриёр шаванд. Шаҳриёр илова бар шеъру шоирӣ дар мусиқӣ низ устод буд ва ашъору эҳсосоти худро бо сетораш баён мекард. Устод Шаҳриёр чанд сетор дошт, ки беназир буд ва яке аз онҳоро устод Абулҳасани Сабо — аз мусиқадонон ва навозандагони баноми Эрон ба ӯ эҳдо карда буд. Дар арзишу аҳамияти ин шоири бузурги муосир ҳамин қадар бас, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба поси хадамоти шоиста ва эътиборе, ки вай дар адабиёт дошта ва дорад, рӯзи 18 сентиябр — рӯзи шеъру адаби форсӣ ва бузургдошти устод Шаҳриёр таъйин шудааст.
Намунаи ашъор
вироишБахти хуфтаву давлати бедор
- Моҳам омад ба дари хонаву дар хона набудам,
- Хон гӯӣ ба сарам рехт, чу ин қисса шунудам.
- Онки мехост ба рӯям дари давлат бикушояд,
- Бо кӣ гӯям, ки дари хона ба рӯяш накушудам.
- Омад он давлати бедору маро бахт фурӯ хуфт,
- Ман, ки як умр шаб аз дасти хаёлаш нағунудам.
- Онки мехост ғубори ғамам аз дил бизудояд,
- Оваҳ-оваҳ, ки ғубори раҳаш аз по назудудам.
- Ёр суд аз шарафам сар ба сурайёву дареғо,
- Ки ба пояш сари таъзим ба шукрона насудам.
- Эй, насими саҳар, он шамъи шабистони тарабро
- Гӯ: ба сар меравад аз оташи ҳиҷрони ту дудам
- Ҷонфурӯшии маро бин, ки ба ҳеҷаш нахарад кас,
- Ин шуд, эй мояи умед, зи савдои ту судам.
- Ба ғазал ром тавон кард ғизолони рамида,
- Шаҳриёро, ғазале ҳам ба сазояш насурудам.
Манобеъ
вироиш• Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе – 2012. Саҳ – 384 • • •