Муҳаммадҷон Расулӣ

Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ – пизишк, олими тиб, профессор, нишони "Ба аълочии нигахдории тандурустй" (1944), "Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон", узви пайвастаи (академики) Академияи мардумии "Нури Хуҷанд"

Муҳаммадҷон Расулӣ
Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ
Таърихи таваллуд 1920(1920)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт номаълум
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи тиббии Сталинобод
Ҷоизаҳо Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1946) Ордени Дӯстӣ (2001), нишони "Ба аълочии нигахдории тандурустй" (1944), "Аълочии матбуот" (2000), "Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон", Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадҷон Яъқубзод Расулӣ, соли 1920 дар китьаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Хатмкунандагони техникуми тиббии Хуҷандшаҳр (1936), донишҷӯи Донишкадаи тиббии Сталинобод (1939).

  • дар вазифаи ҷонишини Комиссари халқии (Вазири) нигаҳдори тандурустии ҶШС Тоҷикистон кор кардааст (1943- 1948);
  • ассистент дар кафедраи ташкили нигахдории тандурустӣ ва таърихи тибби Донишкадаи тиббии Сталинобод (1945);
  • ассистент дар кафедраи вазоифшиносии эътилолии Донишкадаи тиббии Сталинобод (1946);
  • аз байни олимони тибби тоҷик, ки бо устод С. Айнӣ мусоҳиб шуда, барои давом додани таснифи «Фарҳанги тиббӣ»-и хеш фатво гирифтааст (1947);
  • созмондиҳанда ва роҳбари Пажӯҳишгоҳи авбияшиносӣ ва бехдошти Душанбе, ҳозира Пажӯҳишгоҳи тибби пешгироӣ (1955);
  • муҳаррири маҷаллаи илмӣ-амалии ҷумҳурии "Нигахдории тандурустии Тоҷикистон" (1955);
  • мудири Китобхонаи илмии тиббии Вазорати нигахдории тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1972),
  • узви Иттиҳоди хабарнигорони Тоҷикистон (1997)

Эҷодиёт

вироиш

муаллиф, ҳаммуаллиф, мусанниф ва муҳаррири як силсила луғатҳои соҳавии тиб (2000-2004) интишороти илмӣ ва мардумии ӯ аз ҷиҳати ҳаҷм (анқариб 500 ҷузъи таълифй) олиме, ки дар собиқ СССР мукаммалтарин фарҳанги тиббии замонавӣ ба се забон (русӣ-тоҷикӣ- лотинӣ) таълиф ва нашр намудааст (солҳои 1973-1988), ки ба туфайли он истилоҳоти тиббии русӣ ва тоҷикӣ ғанӣ гардидааст;[1]

Донистаниҳо

вироиш
  • кормандони тиб, ки бо нишони "Ба аълочии нигахдории тандурустй" мукофотонида шудааст (1944); -
  • таблиғотчии шахсият ва эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино (1947); -
  • номзади улуми тиб, ки ба унвони илмии дотсент тасдиқ шудааст (1955);
  • мубтакирони бунёди Пажуҳишгоҳи тибби кишварии (ҳозира Пажӯҳишгоҳи бемориҳои дастгоҳи гувориши) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956);
  • пизишконе, ки сазовори унвони фахрии "Духтури хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон" гардидааст (I960);
  • бунёдгарон ва кормандони масъули мачаллаи "Шифо" (1992) ва маҷаллаи "Паёми Сино" (1999) дар назди Донишгоҳи тиббии давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
  • аз ҷумлаи номзади улуми тибби ДТДТ, ки Вазорати маорифи Федератсияи Россия ӯро ба унвони илмии профессор тасдиқ кардааст
  • олимони тиб, ки узви пайвастаи (академики) Академияи мардумии "Нури Хуҷанд" интихоб шудааст (2000);
  • корманди тиб, ки бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат" (1946), бо нишони "Аълочии матбуот" (2000) ва ордени "Дӯстӣ" (2001) мукофотонида шудааст.
  • аз байни олимони тибби тоҷик, ки интишороти илмӣ ва мардумии ӯ аз ҷиҳати ҳаҷм (анқариб 500 ҷузъи таълифй) аз нигоришоти дигар олимони тиб бартар аст; -олиме, ки дар собиқ СССР мукаммалтарин фарҳанги тиббии замонавй ба се забон (русӣ-тоҷикӣ- лотинӣ) таълиф ва нашр намудааст (солҳои 1973-1988), ки ба туфайли он истилоҳоти тиббии русӣ ва тоҷикӣ ғанӣ гардидааст; номзади улуми тиб, ки ҳолномаи ӯ дар ЭСТ (Қомуси тоҷик) ба тариқи исгисно чоп шудааст (ҷ. 6,1966);[1]