Муҳаммадҷон Умаров

Муҳаммадҷон Умаров (15 январи 1950, Душанбе — 30 июни 2015, ҳамон ҷо) — шарқшинос, тарҷумон, омӯзгор, пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръони Карим (аз арабӣ ба тоҷикӣ).[1]

Муҳаммадҷон Умаров
Муҳаммадҷон Абӯбакрович Умаров
Таърихи таваллуд 15 январ 1950(1950-01-15)
Зодгоҳ Душанбе
Таърихи даргузашт 30 июн 2015(2015-06-30) (65 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ шарқшиносӣ, тарҷумон
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1978-2015). Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1986-1996), Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа (1996-2007)
Алма-матер ДДТ ба номи В. И. Ленин

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадҷон Умаров шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи ДДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло-ДМТ)-ро хатм кардааст (1972). Муҳаррри Сарредаксияи ЭСТ (1972—1978), ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон (аз с. 1978), муҳаррири ҳафтаномаи «Номаи пажӯҳишгоҳ»- пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2008). Илова ба ин солҳои 1986—1996 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва соли 1996—2008 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа аз забони арабӣ ва таърихи динҳо дарс гуфтааст. Ӯ Солҳои 1973—1975, 1979, 1982—1985 дар Ироқ, Алҷазоир ва Либиё дар сохтмони иншооти СССР ба ҳайси тарҷумон кор кардааст. Ӯ яке аз олимонест, ки нахустин тарҷумаи мустақими «Қуръон» аз забони арабӣ ба тоҷикиро анҷом додааст. Солҳои 1997 ва 2009 дар Намоишгоҳҳои байналмилалии IV ва XVII — ӯми Қуръони Карим дар шаҳри Теҳрон ба ҳайси пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръони Карим иштирок кардааст. Муҳаммадҷон Умаров, корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, субҳи 30 июни соли 2015 бар асари дарди гурда дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Мероси илмӣ

вироиш

Бузургтарин ёдгори зиндагии ӯ, 3 шоҳкорӣ аст (гуфтааст устоди ДМТ Ғаффор Мирзоев ба Радиои «Озодӣ») — нахустин тарҷумаи мустақими китоби барои мусалмонон муқаддаси «Қуръон» аз арабӣ ба тоҷикӣ, тарҷумаи «Саҳеҳи Бухорӣ» ва чопи аллакай 4 ҷилди он ва ҳам «Таърихи Табарӣ» дар 8 ҷилд аст.[2] Муҳаммадҷон Умаров ягон унвони илмӣ ва ҷоизаи давлатӣ надоштанд, вале барои мардуми тоҷик кори муҳимму шоистаро ба сомон расониданд. Маҳз ба воситаи тарҷумаҳои эшон улуми дин дар кишвари мо оммавӣ шуд, ба рӯйи мусалмонони Тоҷикистон дарвозаи калоне кушода шуд, дарвозаи шинохти дин, шинохти Исломи асил… Муаллифи мақолаҳо дар бораи илми арӯз, улуми исломӣ, тақризҳо ба китобҳои гуногун аст.[1]

Осори илмӣ

вироиш
  • Қуръони Карим. Тарҷума ба забони тоҷикӣ ва тавзеҳот. — Душанбе, 2007[3],
  • Ҳафтяки Қуръони маҷид. Тарҷума ба забони тоҷикӣ ва тавзеҳот. — Душанбе, 2003,
  • «Саҳеҳ»-и Муҳаммад ибни Исмоил ал-Бухорӣ. Тарҷума ба забони тоҷикӣ ва тавзеҳот. (иборат аз 6 ҷилд). — Душанбе, 2004—2008,

Таҳияи матнҳои классикӣ

вироиш
  • «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Балъамӣ. — Душанбе, 1992, Теҳрон, 2001—2003,
  • Куллиёти С.Айнӣ — «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ҷилди 14. — Душанбе, 2005,

Таҳрир

вироиш
  • «Зиндагонии Муҳаммад»-и Муҳаммад Ҳайкал — М., 1992,
  • «Заруриёти диния»-и С. Айнӣ. — Душанбе, 2002,
  • «Дорурроҳат»-и Исмоилбек Гаспаринский (тарҷ. Абдурауф Фитрат). — Душанбе, 2003,
  • «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ. Тарҷума ба забони тоҷикӣ ва тавзеҳот. — Душанбе, 2005.
  • Тарҷумаи филми 39 — сериягии арабии «Имоми Аъзам- Абӯҳанифа Нӯъмон» (2009).

Таълифот

вироиш
  • Қуръони Карим. Тарҷума ба забони тоҷикӣ ва тавзеҳот. Табъи 1. Душанбе, 2007; Табъи 2. Душанбе, 2011. 634 с.[4],
  • Саҳеҳи ал — Бухорӣ. Тарҷума бо забони тоҷикӣ (бо ҳаммуаллифии Ф. Бобоев), Ҷ. 1 Душанбе, 2004. — 524 с., Ҷ. 2 Душанбе, 2005. — 576 с., Ҷ. 3. Душанбе, 2008. — 515 с., Ҷ. 4. Душанбе, 2012. — 595 с.,
  • Ҳафтяки Шариф. Матн бо танскрипсияи кириллӣ, тарчумаи тоҷикӣ, баргардон аз матни «Тафсири Хусайнӣ», Душанбе, 2006 (бо ҳаммуаллифии Н. Назаров).

Адабиёт

вироиш
  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — 184 с. — С. 125 ISBN 978-99947-958-2-6(тоҷ.)