Оғо Муҳаммад Яҳё Хон (урду: آغا محمد یحیی خان; 4 феврал 1917[1][2], Chakwal[d], Роҷи Бритониё10 август 1980[1], Равалпинди, Панҷоб) — арбоби давлатии Покистон, генерал. Президенти сеюми Покистон ин мақомро бо мақоми вазири умури хориҷа муттаҳид кард.

Муҳаммад Яҳё Хон
урду: آغا محمد یحیی خان
25 март 1969 — 20 декабр 1971
Пешгузашта Муҳаммад Айюб Хон
Ҷонишин Зулфиқор Али Бутто
5 апрел 1969 — 20 декабр 1971
Пешгузашта Mian Arshad Hussain[d]
Ҷонишин Зулфиқор Али Бутто
5 апрел 1969 — 20 декабр 1971
Пешгузашта Afzal Rahman Khan[d]
Ҷонишин Зулфиқор Али Бутто
18 июн 1966 — 20 декабр 1971
Пешгузашта Muhammad Musa[d]
Ҷонишин Gul Hassan Khan[d]
Таваллуд 4 феврал 1917(1917-02-04)[1][2]
Даргузашт 10 август 1980(1980-08-10)[1] (63 сол)
Мадфан
Таҳсилот
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо
Nishan-e-Pakistan Order of Pahlavi anniversary medal at the occasion of the 2500th anniversary of the founding of the Iranian Empire
Навъи артиш British Indian Army[d]
Рутба генерал
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

4 феврали соли 1917 дар Чаквали Ҳиндустони Бритониё таваллуд шудааст. Хонаводаи Яҳёхон решаҳои туркӣ доштанд, ки аз қабилаҳои қизилбош буданд. Падараш Саодат Алихон аз Пешовар буд. Яҳё Хон пас аз хатми донишгоҳи Панҷоб ба Академияи низомии Ҳиндустон дар Деҳрадун дохил шуд.

Дар соли 1938 ӯ дар артиши Ҳиндустони Бритониё дар як қисми низомии воқеъ дар музофоти сарҳадии шимолу ғарбӣ хидматро оғоз кард. Дар давоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ӯ дар Африқои Шимолӣ, Ироқ ва Италия хидмат кардааст. Пас аз тақсими Ҳиндустони Бритониё, Яҳё Хон дар таъсиси Коллеҷи фармондеҳони Покистон дар Кветта саҳм гузоштааст. Дар солҳои чанги соли 1965 ба дивизиям пиёдагардӣ фармондехй мекард. Ӯ генерал шуд ва дар соли 1966 фармондеҳи нерӯҳои пиёдагарди Покистон таъйин шуд. Дар соли 1969 вазъ дар саросари кишвар аз назорат берун шуд ва президент Муҳаммад Айюб Хон маҷбур шуд, ки қудратро ба генерал Яҳё Хон супорад. Яҳё Хон дарҳол баъди ба сари ҳокимият омадан дар мамлакат вазъияти харбӣ эълон кард. Вай конститутсияро бекор карда, маҷлисҳои миллӣ ва музофотиро пароканда кард. 31 марти соли 1969 Яҳё Хон расман президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд[3].

Яҳё Хон дар ин ҷанги Покистону Ҳиндустон (зимистони 1971) фармондеҳи олии артиши Покистон буд. Дар ниҳояти кор Покистон дар ҷанг мағлуб шуд, кишвар аз ҳам ҷудо шуд ва 90 000 нафар аскарони Покистон ба ҳиндуҳо таслим шуданд. Таслим шудани Қувваҳои мусаллаҳи Покистон дар Дака бе ҳеч як муқовимат Яхё Хонро ба фарди манфитарини мамлакат табдил дод. Мардум аз ҳама табақаҳои ҷомеа ба интиқод шурӯъ карданд ва ӯ илоҷи дигаре надошт, ки қудратро ба раҳбари маъруфтарин ҳизби Покистон Зулфиқор Алӣ Бҳутто 20 декабри соли 1971 супорад. Соли 1972 Бҳутто фармон дод, ки Яҳё Хонро ба ҳабси хонагӣ нигоҳ доранд[3]

Яҳё Хон 10 августи соли 1980 дар Равалпиндӣ даргузашт.[3].

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Munzinger Personen (нем.)
  3. 3.0 3.1 3.2 Yahya Khan(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). 30 Январ 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2012.