Муҳаммад Айюб Хон
Муҳаммад Айюб Хон (англ. Ayub Khan ; 14 майи 1907, Харипур – 19 апрели 1974, Исломобод ) – Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ ва президенти Покистон аз соли 1958 то 1969 .
урду: محمد ایوب خان | |
27 октябр 1958 — 25 март 1969 | |
Пешгузашта | Искандар Мирзо |
Ҷонишин | Муҳаммад Яҳё Хон |
28 октябр 1958 — 21 октябр 1966 | |
Пешгузашта | Muhammad Ayub Khuhro[d] |
Ҷонишин | Afzal Rahman Khan[d] |
16 январ 1951 — 26 октябр 1958 | |
Пешгузашта | Douglas Gracey[d] |
Ҷонишин | Muhammad Musa[d] |
24 октябр 1958 — 28 октябр 1958 | |
Пешгузашта | Firoz Khan Nun[d] |
Ҷонишин | Nurul Amin[d] |
23 март 1965 — 17 август 1965 | |
25 октябр 1954 — 11 август 1955 | |
Таваллуд |
14 май 1907[1][2][3][…] |
Даргузашт |
19 апрел 1974[1][2][4] (66 сол) |
Мадфан | |
Фарзандон | Gohar Ayub Khan[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом ва шиъа |
Ҷоизаҳо | |
Навъи артиш | British Indian Army[d] |
Рутба | Генерал-фелдмаршал |
Набардҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагтнома
вироишДар шаҳри Ҳарипур таваллуд шудааст; аз рӯи баромади қавмӣ паштунӣ [5] .
Вақте ки Покистон дар соли 1947 таъсис ёфт, Айюбхон нерӯҳои мусаллаҳро дар Покистони Шарқӣ (ҳоло Банглодеш ) раҳбарӣ мекард.
Соли 1951 Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон таъин шуд. Аз соли 1954 то соли 1956 вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилӣ шуда кор кардааст.
7 октябри соли 1958 бо фармони президент Искандар Мирзо табаддулоти низомӣ ба амал овард, ки дар ҷараёни он ҳукумати Фирозхон Нун пароканда карда шуд. Баъд аз табаддулот Искандар Мирзо уро сардори Управлениям вазъияти харбй таъин кард. Аммо аллакай 27 октябри соли 1958 Айюбхон Искандар Мирзоро мачбур кард, ки истеъфо диҳад ва кишварро тарк кунад ва баъд аз он худи ӯ президенти нави Покистон эълон карда шуд ва ба ҳукумати ин кишвар сарварӣ мекард.
Дар соли 1960 вай бо ёрии референдум мавқеи худро хамчун сардори давлат конунӣ гардонд. Дар соли 1962 Конститутсияи нави кишвар, ки Покистонро ба ҷумҳурии президентӣ табдил дод, қабул кард. Мувофики конуни нави асосӣ ваколатхои сардори хукумат расман ба дасти президент гузашта, вазифаи сарвазир бекор карда шуд. Дар соли 1965 Аюб Хон такроран, бо дастгирии коллегияи интихоботӣ, бо гирифтани 62,43% овозҳо президент гардид. Рақиби ягонаи ӯ Фотима Ҷинна, хоҳари асосгузори Покистони мустақил Муҳаммад Алӣ Ҷинна 35,86 дарсади овозҳоро ба даст овард.
Сарвари давлат, Муҳаммад Аюб Хан дар давоми ҳукмронии худ ташаббускори Ҷанги дуюми Ҳинду-Покистон, дар сиёсати хориҷӣ ҷонибдори ИМА буд, ва Покистон ба Паймони Ироқ, сипас Созмони Аҳдномаи Марказӣ CENTO ва SEATO дохил шуд. Сиёсати афзоиши босуръати иктисодиёт ва ислоҳоти муътадили заминро пеш гирифт. Вай ба қабули конститутсияи дуюми Покистон муваффак шуд, ки вай ҳаёти сиёсиро бо доираи ба ном «хуқуқҳои асосии демократй» маҳдуд мекард.
Мохи марти соли 1968 Айюб Хон сахт бемор шуд ва назорати сиёсиро бар кишвар аз даст дод. Дар моҳи марти соли 1969 ӯ маҷбур шуд, ки дар зери фишори мухолифони сиёсӣ истеъфо диҳад ва қудратро ба генерал Муҳаммад Яҳё Хон дод.
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Jaffrelot, Christophe. A history of Pakistan and its origins. — Anthem Press, 2004. — С. 69. — ISBN 1843311496, 9781843311492.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |