Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил (30 январи 1971, деҳаи Чоркӯҳ, шаҳри Исфара, Ҷумҳурии Тоҷикистон) – ходими давлатӣ, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ[1][2], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2021), узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон (2019).

Муҷибахон Ҷавҳарӣ
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил
Таърихи таваллуд: 30 январ 1971(1971-01-30) (53 сол)
Зодгоҳ: шаҳри Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил 30 январи соли 1971 дар деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, вилояти Суғд, дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1993 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи умумии рақами 27-и деҳаи Чоркӯҳ оғоз намуда, соли 2005 сарвари таълимгоҳи мазкур ва соли 2010 сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара таъйин гардидаст. Соли 2014 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, соли 2016 муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, соли 2018 директори ҳамин муассисаи олии касбӣ ва аз соли 2020 то соли 2021 мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара  фаъолият намудааст. Аз 22 декабри соли 2021 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Фаъолияти илмӣ ва адабӣ

вироиш

Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 2020  диссертатсияи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ дар мавзуи “Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ" дар Шӯрои диссертатасионии 6D КОА-28 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳимоя намудааст. Ҳамчунин, муаллифи як монография ва зиёда аз чил мақолаҳои илмӣ буда, мақолаҳои публисистиаш пайваста дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ интишор мешаванд. Асарҳои бадеии ӯ бо номи “Зани даруни чашма” ва “Дарди фироқ” дар нашриёти “Адиб” ба чоп расидаанд[3]. Инчунин ӯ муаллифи дарстурҳои тарбиявӣ  барои сарпарастони гуруҳҳои академикӣ бо унвони “Раҳнамои тарбият”  ва “Ислом - зидди ифрот” мебошад. Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона сухан мекунад[4].

Ҷоиза ва мукофотҳо

вироиш

Мукофотҳои давлатӣ:

  • Медали “Хизмати шоиста”, соли 2022.

Мукофотҳои соҳавӣ:

  • “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2008;
  • “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2017;
  • “Аълочии фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2021;
  1. «РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ». www.ahd.tj. 3 Декабри 2024 санҷида шуд.
  2. Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии ТоҷикистонДар бораи тибқи рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон додани мандати вакилӣ ба номзад Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил (ru-RU). 3 Декабри 2024 санҷида шуд.
  3. Sputnik Тоҷикистон. “Рӯзноманигор, донандаи се забон, аз Чоркӯҳ”: вакили нави ҲХДТ дар парлумон кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20211216T0959+0500). 3 Декабри 2024 санҷида шуд.
  4. Sputnik Тоҷикистон. “Рӯзноманигор, донандаи се забон, аз Чоркӯҳ”: вакили нави ҲХДТ дар парлумон кист?(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20211216T0959+0500). 3 Декабри 2024 санҷида шуд.