Наимҷон Назирӣ (20 августи соли 1936, Истаравшан) — шоири тоҷик.

Наимҷон Назирӣ
Наимҷон Назирӣ Аслонов
Тахаллусҳо: Назирҷон
Таърихи таваллуд: 20 август 1936(1936-08-20) (88 сол)
Зодгоҳ: Истаравшан
Шаҳрвандӣ: Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1950
Жанр: ҳаҷвӣ
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Наимҷон Назирӣ 20 августи соли 1936 дар шаҳри бостонии ӮротеппаИстаравшани кунунӣ ба дунё омадааст. Исми хонаводагиаш— Аслонов. Тахаллусашро аз номи бобои модариаш гирифтааст. Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаби ба номи Горкийи шаҳри Ӯротеппа бардошта, соли 1954 роҳи Сталинободро пеш гирифт. Ва панҷ сол дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон таҳсил намуд. Фаъолияти эҷодиашро Наимҷон Назирӣ соли 1959 асосан дар маҷаллаи «Хорпуштак» ва радиои ҷумҳурӣ оғоз намудааст. Ҳоло бошад сарварии осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри Истаравшанро ба уҳда дорад.

Эҷодиёт

вироиш

Наимҷон Назирӣ бештар дар боби шеърҳои ҳаҷвӣ ва бачагона заҳмат кашидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Хушаҳо», «Гулқайчӣ», «Хирсаки каҷпо», «Бахти мо», «Тӯшаи роҳ» ва ғайра мебошад. Ходими журнали ҳаҷвии «Хорпуштак» (1959—1964), муҳаррири радио рӯзномаи «Сӯҳбати дӯстон», сармуҳаррири Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии назди Со­вети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1964—1975). Аз соли 1975 мудири шӯъбаи газетаи «Роҳи коммунизм»-и шаҳри Ӯротеппа. Аввалин шеърҳояш дар газетаи «Роҳи коммунизм» соли 1950 чоп шудаанд. Шоир қариб дар ҳамаи шаклҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда­аст.

Соли 1960 достони «Хатои Насим»-ро ки аз ҳаёти донишҷӯён нақл мекунад, таълиф намуд. Бештар ба ҳаҷву мутоиба майл дорад. Муаллифи маҷмӯаҳои «Хӯшаҳо» (1971) ва «Тӯҳфаи баҳор» (1974) мебошад. Шеърҳои хаҷвӣ ва бачагонааш дар маҷмӯаҳои «Гулқайчӣ» (1980), «Хирсаки каҷпо» (1981) ба табъ расидаанд. Очерки «Дастони шифобахш», ки дар бораи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ духтури терапевт Камол Баратович Охунов ҳикоят мекунад, ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Шеъру масал ва ҳаҷвияҳояш ба якчанд забонҳои халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума шудаанд. Асарҳои адибони рус, ӯзбек (Саид Аҳмад «Марги порахӯр»), озарӣ, туркман ва диг., инчунин латифаҳои булгории «Лабханди Габрово»-ро ба тоҷики гардондааст. Бо ме­дали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст. Аз соли 1975 узви ИН Иттиҳоди Шӯъравӣ.[1]

Сарчашма

вироиш