Нахӯдшӯрбо

Як рӯз пеш аз пухтани шӯрбо нахӯдро чида, шуста, тар карда мемонанд. Гӯшти гӯсфанд ё говро аз пардаю безҳо тоза карда, майда реза мекунанд, устухонҳоро мекӯбанд (то ки равғанаш барояд) ва ба деги обаш хунук андохта, 1 соат дар оташи паст меҷӯшонанд. Ба шӯрбои ҷӯшидаистода пиёзи резашуда, помидор, сабзии резашуда ва нахӯдро андохта, 15-20 дақиқаи дигар мепазанд. Адвиёт ё намакро пеш аз пухтан меандозанд. Таоми тайёрро ба косаҳо кашида, ба рӯяш шибит мепошанд. Ба 500 г гӯшт, 3-4 дона пиёз, 2-3 дона помидор, 2-то сабзӣ, 1,5 истакон нахӯди тар, 10 дона мурчи нокӯфта, барги ғор, намак ва ним бандча шибит лозим аст. Ба шӯрбо шалғам низ андохтан мумкин аст..[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. Ҷ. 2. – М: Советская Энциклопедия, 1969, - c. 609.
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.