Шалғам
Шалғам(форсӣ: شلغم) бехгиёҳи хӯрокии турбмонанд, ки мазаи тунду тезе дорад.[2]
- Хосиятҳои доруӣ
Шалғам | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
|
Шалғам аз назари тибби қадим гарм ва тар аст. Хосиятҳои шифобахши шалғам он қадар зиёд аст, ки метавон гуфт ин гиёҳ барои ҳар дарде дармон аст ва агар мардум медонистанд, ки ин гиёҳ чӣ қадр фоидаи дардҳост, тамоми боғчаҳои хонаи худро шалғам мекоштанд ва ҳар рӯз аз он истифода мекарданд. Хосиятҳои асосии шалғам инҳо мебошанд:
- Шалғам нерӯбахш аст;
- Шалғам иштиҳоовар аст;
- Шалғам сулфаро таскин медиҳад;
- Туршии шалғам беҳтарин навъи туршӣ аст, зеро тақвияткунандаи меъда ва рӯдаҳо мебошад;
- Оби шалғам мизони қанди хунро поин меоварад;
- Оби пухташудаи шалғамро ғар-ғара кунед, дарди гулӯро дармон мебахшад;
- Хӯрдани оби шалғам рӯйи инсонро аз наррак тоза мекунад;
- Онҳое, ки ҳофиза ва хотираи суст доранд, ҳатман бояд шалғам бихӯранд, зеро собит шудааст, ки шалғам ҳофизаро тақвият медиҳад;
- Шалғам шабкӯриро дармон мебахшад;
- Шалғам ба иллати доштани витамини В1 илоҷи камхунӣ аст;
- Онҳое, ки ғудда (зоб) доранд, бояд ҳатман шалғам бихӯранд, зеро шалғам йоди фаровон дорад;
- Шалғам муҳимтарин гиёҳи зидди саратон аст ва ҳатто густариши саратонро мутаваққиф мекунад;
- Шалғам дармони бемориҳои зиёди пӯст аст.
Ва билохира саъй кунед, ки дар фасли зимистон барои пешгирӣ аз сармохӯрдагӣ ва бемориҳои дигар ақаллан чанд бор дар як ҳафта шалғам бихӯред. Шалғами пухта беҳтарин ғизои субҳона аст. Маводи заҳрнокро аз бадан хориҷ месозад. Ҳамон тавр, ки дар боло гуфта шуд, оби шалғами хом хосиятҳои бештаре аз шалғами пухташуда дорад, ба шарте ки меъдаи шуморо нороҳат накунад.[3]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Linnæi C. Species Plantarum (лот.): Exhibentes plantas rite cognitas ad genera relatas — 1753. — Ҷ. 2. — С. 666.
- ↑ Шалғам
- ↑ Шалғам бихуред!
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |