Нақби автомобилгарди "Шаҳристон"

Нақби автомобилгарди "Шаҳристон" дар роҳи автомобилгарди ДушанбеХуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) киллометри 180 ҷойгир аст (дар сарҳади ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон).Дарозии нақби "Шаҳристон" – 5253 метр.

ТаърихВироиш

Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди ДушанбеХуҷанд – Чанак (Ӯзбекистон) мебошад. Сохтумони нақб расман 22 августи соли 2006 оғоз ёфтааст. Сохтумони нақбро – ширкати ChainaRoad (Чин) ба ӯҳда гирифтааст. [1]

ИфтитоҳВироиш

27 октябри соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, онро дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуд. роҳи мошингарди Душанбе - Чанак бо харҷи қариб як миллиарду 430 миллион сомонӣ навсозӣ шуд. Барои бунёду таҷҳизи нақби мошингарди Шаҳристон бошад, ки дарозиаш 5253 метр мебошад бо 5289 метр нақби ҳаводиҳандааш қариб 430 миллион сомонӣ равона гардидааст. То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин кор дар 3-4 соат анҷом меёбад.

НигаредВироиш

МанобеъВироиш

  1. Сдачу тоннеля «Шахристан» вновь перенесли на месяц//asia-hlus/ № 73(760), 27 сент. 2012

Пайвандҳои берунаВироиш

ИФТИТОҲИ РАСМИИ НАҚБИ МОШИНГАРДИ ШАҲРИСТОН