Наҳтулло Раҳматович Ҳасанов (09.03.1970, деҳаи Муҳоҷирободи н. Фархор), доктори илми ветеринарӣ (2012).

Наҳтулло Ҳасанов
Наҳтулло Раҳматович Ҳасанов
Таърихи таваллуд 9 март 1970(1970-03-09) (54 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Фархор, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ветеринария
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур

Зиндагинома

вироиш

Соли 1991 Донишкадаи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро ба поён оварда, дар кафедраи ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои сирояткунандаи дарунии ҳайвонот ба фаъолият пардохтааст. Солҳои 1998-2001 дар аспирантураи ҳамин боргоҳи илм хонда, 2001-2005 муовини декани факултаи тибби ветеринарӣ ва ассистенти кафедраи микробиология ва эпизоотология, 2005-2009 декани факултаи тибби ветеринарӣ буд. Аз соли 2009 ноиби ректор оид ба фарҳанг кор кардааст. Мукаммалгардонии ташхиси тафриқии касалиҳои сили чорвои калон, табобат ва пешгирии касалиҳои сироятии чорво, тайёр намудани дору ҷиҳати муолиҷаи чунин касалиҳо аз самтҳои асосии таҳқиқоти илмиаш маҳсуб меёбанд.

  • Совершенствование дифференциальной диагностики туберкулёза крупного рогатого скота. – Д., 2001;
  • Эпизоотологияи ҷузъӣ. – Д., 2004;
  • Беҳдошти ихтибори веете-ринарӣ бо асосҳои технология ва стандар-тизатсияи маҳсулоти чорводорӣ. – Д., 2005;
  • Эпизоотология ва касалиҳои сироятӣ бо санитарияи ветеринарӣ. – Д., 2008 (ҳамму-аллиф);
  • Микробиологияи ветеринарӣ. – Д., 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ. – Д., 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Дорушиносии тибби ветеринарӣ. – Д., 2008 (ҳаммуаллиф);
  • Разработка и изучение химиотерапевтических и биологических препа-ратов для терапии и профилактики пнев-моэнтеритов телят. Дисс... доктора ветер. наук. – Д., 2012;
  • Бемориҳои сироятии паррандагон. – Д., 2014 (ҳаммуаллиф);
  • Микозҳо ва микозҳои ҳайвонот. – Д., 2015 (ҳаммуаллиф).[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.