Неъматулло Усмонов

Неъматулло Усмонов — омӯзгор, олим, доктори илмҳои тиб (1969), профессор (1970), Академики АИ Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979).

Неъматулло Усмонов
Неъматулло Усмонович Усмонов
Таърихи таваллуд 6 январ 1929(1929-01-06)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 7 декабр 2012(2012-12-07) (83 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павлов
Ҷоизаҳо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1979)

Зиндагинома

вироиш

Неъматулло Усмонов Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи И. П. Павловро хатм кардааст (1950). Ординатори клиникаи ҷарроҳии умумӣ, муал. таълими ҷарроҳии мак. фелдшерию акушерии Донишкадаи мазкур (1950—1952). С. 1953 ба Сталинобод (ҳоло — Душанбе) омадааст. Мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии ҷум.-явии № 1 шаҳри Сталинобод (1953—1954). Аспирант (1954—1957), ассисистент (1957—1962). дотсент (1962—1964), профессори кафедраи ҷарроҳии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1969—1970), Аз соли 1970 — мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии (ҳоло — кафедраи амрози ҷарроҳишавандаи № 2) Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино буд. Ӯ 7 декабри 2012 дар Душанбе даргузашт.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Дар мавзӯъи «Лечение гнойных заболеваний с фурациллином» таҳти роҳбарии профессор З. П. Хоҷаев рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Докторанти кафедраи ҷарроҳии госпиталии Институти давлатии тиббии № 1 шаҳри Ленинград ба номи И. П. Павлов (1964—1969). Дар мавзӯъи «Клинико-морфологические изменения печени при портальной гипертензии до и после сосудистых и органных анастомозов» таҳти роҳбарии профессор Ф. Г. Углов рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Бори аввал дар ИҶШС ваготомияи захми меъда ва рӯдаи 12 — ангушта, холангиоскопияи ташхиси интраҷарроҳии варами роҳҳои заҳрабарориро татбиқ кардааст. 80 пешниҳоди ратсионализаторӣ, шаҳодатномаи муаллифӣ ва ихтироот. Таҳти роҳбарии 31 нафар рисолаи номзадӣ ва 10 нафар рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Ташаббускори таъсиси маркази муоянаи рагҳост. Неъматулло Усмонов Узви Ассотсиатсия ҷарроҳони торакалӣ ва дилу рагҳо (Британияи Кабир), узви АВУ (Институти Библиографияи Америка), узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Тоҷикистон (1985—1993), сармутахассиси ҷарроҳии дилу рагҳо ва шуш (1975—2000), узви раёсати Ҷамъияти умумиит. ҷарроҳон ва ҷарроҳони дилу раг (1988—1992), узви раёсати Фонди умумиит. шафқат ва саломатӣ ва раиси Фонди шафқат ва саломатии Тоҷикистон (1989—1992).

Муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ, аз қабили «Диагностика и лечение заболеваний вен нижних конечностей» (Д., 1982), «Хирургия травм сосудов и их последствий» (Д., 1991), «Лечение острых инфекционных деструкций легких» (Д., 1993), «Диагностика и хирургическое лечение сочетанных окклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий» (Д., 1993), «Хроническая ишемия верхних конечностей» (Д., 1999), «Современные аспекты комплексного лечения острых лёгочных нагноительных заболеваний» (Д., 2002), «Диагностика и хирургическое лечение осложнённых форм эхинококкоза лёгких» (Д., 2004), «Курс лекций по госпитальной хирургии» (Д., 2005) ва ғ.,[1]

  1. Неъматулло Усмонов(тоҷ.). tajmedun.tj. 3 марти 2019 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш