Низоми бисёрҳизбӣ - ибораест, ки дар муборизаи интихоботӣ барои ҳокимият зиёда аз ду ҳизбҳои сиёсии лаёқати иштирок кардан дар ҳайати ҳукуматро ифода мекунад.

Низоми бисёрҳизбӣ созиши муайяни сиёсӣ-ҳизбиро таъмин мекунад, ки ба манфиати аксари ҳайати интихоботкунандагон рост меояд.

Низоми бисёрҳизбӣ хислати гуногун дорад: 1) Низоме, ки дар он ҳукумати коалитсионӣ ташкил меёбад (мисол, дар Дания, Белгия, Нидерланд); 2)Низоми бисёрҳизбӣ, ки дар он як ҳизб бартарӣ дорад (низоми ҳизбии Япония то с. 1993 — дар давоми 38 сол Ҳизби либералӣ - демократӣ ҳукумати якҳизбӣ ташкил мекард, ҳол он ки якчанд ҳизбҳои мухолифини пурқувват мавҷуд буданд); 3) Низоми ҳизбии иттифоқӣ (блокӣ), ки дар он гурӯҳҳои ҳизбӣ муттаҳид мешаванд (мисол, низоми бисёрҳизбӣ дар Фаронса то соли 1960). Дар ин низом низ ҳукумат ҳамеша хислати коалитсионӣ дорад. Низоми бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсияи с. 1994 пешбинӣ шудааст, ки дар асоси он қариб даҳ ҳизби сиёсӣ ташкил ёфтаанд. Дар интихоботи президентӣ ва парлумонии солҳои 1999 ва 2000 шаш ҳизби сиёсӣ иштирок доштанд, аз онҳо фақат се ҳизб ба Маҷлиси намояндагон вакил интихоб карда тавонистанд. Вале фақат ду ҳизб - Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати Маҷлиси намояндагон тавонистанд фраксияҳои худро ташкил намоянд (ниг. ба Низоми якҳизбӣ, Низоми дуҳизбӣ).[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 334