Низоми якҳизбӣ - қисми таркибии низоми сиёсии давлати томравоӣ буда, таркиби ин низом аз эътирофи бечунучарои мавқеи ҳукмронии як ҳизби сиёсӣ иборат аст. Низоми якҳизбӣ нақши намоёни ҳизби ягонаро Дар ҷомеа ва давлат муайян мекунад, вале ин ҳолат на ҳамеша қонунӣ гардонда мешавад, чунки он аз ҳар гуна қонун боло буда, ҳадди он муайян аст. Чунин ҳизб одатан ҳизби «ҳамаи халқ» эълон гардида, ташкили ҳамаи мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба ӯ вобаста гардонда мешавад. Низоми якҳизбӣ ба якшавии дастгоҳи давлатӣ ва ҳизбӣ мусоидат мекунад. Сарвари ҳизби ягонаи сиёсӣ дар мамлакат дар як вақт мансаби сарвари давлатро низ ишғол мекунад. Дар мамлакатҳои низоми яккаҳизбӣ дошта, ба мавҷудияти ҳизбҳои расмии мухолиф роҳ дода намешавад. Дар низоми яккаҳизбӣ ҳамаи моликияти давлатӣ ва буҷаи давлатӣ ба ихтиёри як ҳизб дода мешавад. Низоми яккаҳизбӣ фаъолияти мақомоти намояндагиро заиф мегардонад, гарчи зоҳиран онҳо қонунҳо қабул мекунанд, буҷаи давлатиро тасдиқ мекунанд ва ғайра. Дастгоҳи ҳизбӣ ба озодона пешбарӣ кардани номзадҳо роҳ намедиҳад, ба он тарафдору ҳаммаслаконро аз ҳамаи табақаҳои ҷомеа тавсия мекунад. Дар натиҷа интихобот беалтернативӣ гузашта, ба як номзад овоз дода мешавад. Мансабҳои роҳбарӣ дар парлумон ҳамеша ба номенклатураи ҳизбӣ тааллуқ дошта, мансабҳои сарвар ва аъзои намоёни ҳукуматро ходимони намоёни ҳизбӣ ишғол мекунанд. Айнан бо ҳамин усул мансабҳои роҳбарӣ ва вазифаҳо дар дастгоҳи маҳаллии мақомоти давлатӣ пур карда мешаванд. Дар сурати будани низоми якҳизбӣ дар баъзе мамлакатҳо мавҷудиятн ҳизбҳои сиёсӣ инкор карда намешуд. Дар собиқ мамлакатҳои сотсиалистӣ ҳамин гуна бисёрҳизбии қалбакӣ дар Полша, Булғория, Чехословакия, Ҷумҳурии Демократии Олмон мавҷуд буданд, ҳоло бошад, дар Хитой ва Ветнам вучуд доранд, вале онҳо дар низоми сиёсӣ ҳеч гуна нақши фаъол надоштанд ва мавқеи роҳбарикунандаи ҳизби ҳукмронро бечунучаро эътироф мекарданд. Низоми яккаҳизбӣ дар давлати шӯравӣ намунавӣ буд ва Конститутсияи с.1977 ба тариқи ҳуқуқӣ усули нақши роҳбару роҳнамоии Ҳизби коммунистиро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат муқаррар кард (моддаи 6). Фақат дар соли 1991 ба қувваҳои демократӣ муяссар гардид, ки онро бекор кунанд. Ҳоло ҳам чунин усул дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Куба, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Ветнам ба тарзи конститутсионӣ амал мекунад. Низоми яккаҳизбӣ дар гузашта яке аз хислатҳои муайянкунандаи давлатҳои фашистӣ буд (Олмон, Италия, Испания, Португалия ва ғайра), агарчи дар ин ҷо ҳам гоҳ-гоҳ мазҳакаи бисёрҳизбӣ баргузор мешуд. Давлатҳои демократӣ низоми яккаҳизбиро қатъиян рад менамоянд ва барои ташаккулёбии он низ муҳит вуҷуд надорад.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 345