Низоми интихоботии омехта

Низоми интихоботии омехта - дар вақти гузаронидани интихоботи пардумонӣ ва дигар мақомоти намояндагӣ якҷоякунии низоми интихоботии мажоритарӣ ва мутаносибӣ, ки дар он як қисми вакилон шахсан аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаҳои интихобот (ниг. ба Низоми интихоботи мажоритарӣ), қисми дигар - мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ (Ниг. ба Низоми интихоботи мутаносиб) интихоб карда мешаванд. Ба ҳамин тариқ, дар натиҷаи интихобот парлумон бояд чӣ бевосита афзал донистани интихобкунандагони номзади муайян ва чӣ низоми ҳизбии дар мамлакат барпоёфтаро инъикос намояд. Бисёр вақт дар низоми интихоботи омехта шумораи баробари вакилон (яъне нисф ба нисф) аз ҳар ду низоми номбаршуда муқаррар ва интихоб карда мешавад. Ҳоло адади баробари вакилон аз рӯйи ҳар ду низоми интихоботӣ дар яке аз палатаҳои парлумони Русия ва Ҷумҳурии Федералии Олмон, парлумони Булғория, Гурҷистон, Литва ва баъзе дигар мамлакатҳо интихоб карда мешаванд. Дар баъзе давлатҳо адади вакилон аз рӯйи низоми интихоботи мутаносиб нисбат ба низоми мажоритарӣ зиёд интихоб мешаванд (масалан, Юнон). Вале дар аксар мамлакатҳо, баръакс, адади вакилони аз рӯйи низоми интихоботи мажоритарӣ интихобшаванда нисбат ба вакилони аз рӯйи низоми мутаносиб интихобшаванда чанде зиёд аст. Мувофиқи ислоҳоти конститутсионии с. 1999 ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1999) ба палатаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 63 вакил интихоб карда мешавад. Аз ҷумла, 65 фоизи вакилон (41 нафар) аз ҳавзаҳои интихоботии якваколатӣ мувофиқи низоми мажоритарӣ ва 35 фоизи вакилон (22 нафар), аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи овозҳое, ки ба рӯйхати номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, яъне мувофиқи низоми мутаносибӣ интихоб карда мешаванд (ниг. ба Маҷлиси намояндагон). Аз низоми интихоботи омехта чунин тарзи интихоботи палатаҳоро дар парлумони дупалатагӣ фарқ кардан лозим аст, ки яке аз палатаҳо бо тарзи интихоботи мажоритарӣ, дигаре бо роҳи мутаносибӣ ташкил меёбанд (ниг. ба Низоми интихобот).[1]

Нигаред низ

вироиш

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 341-342