Низоми мақомоти иҷроия
Низоми мақомоти иҷроия - иборат аз мақомоти давлатиест, ки ҳокимияти иҷроияро ба амал мебароранд. Дар ҳар як давлат низоми ба он хоси мақомоти иҷроия амал мекунад. Ин низом аз рӯи фарзияи гуногуни ташкили ҳокимияти давлатӣ барпо меёбад. Аз рӯи фарзияи ҳоло дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда мақомоти иҷроия яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994 низоми мақомоти иҷроия иборат аз сарвари он - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, Ҳукуматҳои маҳалли вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва сохторҳои онҳо мебошад. Низоми мазкур бо мақсади ташкили роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаасг (ниг. ба Мақомоти иҷроияи давлатӣ).[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 342