Низоми сиёсӣ падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ, ки маҷмӯи ташкилотҳоеро муайян мекунад, ки ба воситаи онҳо ҳокимияти сиёсӣ ба амал мебарояд ва ё барои амалӣ гаштани он таъсир мерасонанд. Онҳоро дар ҳуқуқи конститутсионӣ иштирокчиёни низоми сиёсӣ меноманд. Аз ҳама муҳитарини онҳо давлат мебошад, ки ҳамчун ташкилоти ягонаи соҳибихтиёр ҳокимияти худро ба ҳамаи ҷомеа паҳн менамояд, имкони бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин кардани иҷрои қарорҳои худро дорад. Дар реҷаҳои сиёсии ғайридемократӣ давлат иштирокчии ягонаи ҳуқуқӣ ва ҳақиқии низоми сиёсӣ мебошад. Дар ҷомеаи демократӣ бошад, сохтори низоми сиёсӣ ғайр аз давлат худидораи маҳаллӣ ва падидаҳои дигари худидорашаванда (ки якҷоя бо давлат ба воситаи амалӣ намудани ҳокимияти расмӣ мебошанд), ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки дар идораи ҷомеа таъсир доранд, инчунин сохторҳои динӣ ташкил менамоянд. Боби аввали Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон (с. 1978) низоми сиёсӣ номида шуда, мавқеи давлат ва мақомоти он, нақши Ҳизби коммунист, иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дастаҷамъии меҳнатӣ, роҳҳои инкишоф додани демократияи сотсиалистӣ нишон дода шуда буд (моддаҳои 1-9).[1]

Нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 344