Низории Қуҳистонӣ
Низории Қуҳистонӣ (1247[1], Бӣрҷанд[2] — тақрибан 1320[3], Бӣрҷанд) — яке аз шоирони садаи V—VI ҳиҷрӣ мебошад, ки маснавиҳои «Адабнома» ва «Сафарнома»-ро сурудааст.
форсӣ: نزاری | |
Тахаллусҳо: | Низорӣ |
Номи пурра | Ҳаким Саъдуддин ибни Шамсуддин Муҳаммад Низори Қуҳистонӣ |
Таърихи таваллуд: | V ҳиҷрӣ |
Зодгоҳ: | Қаҳистон |
Таърихи даргузашт: | 720 |
Маҳалли даргузашт: | Бирчанд |
Шаҳрвандӣ: | Эрон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Солҳои эҷод: | V—VI ҳиҷрӣ |
Забони осор: | порсӣ |
Зиндагинома
вироишҲаким Саъдуддин ибни Шамсуддин Муҳаммад Низори Қуҳистонӣ яке аз шоирони барчастаи асри V ва аввали асри VI ҳичри ба шумор меравад. Бино бар маълумоти қадимтарин маъхаз дар бораи ӯ «Мачмал-ул-фасех»-и Хавоф номи ӯ Саъдуддин аст ва дар чанд маврид аз нусхаи куллиёти Низори марбут ба соли 837- и ҳичри, ки дар Ленинград маҳфуз аст, номи шоир Саъдуллоҳ валди Низори ал-Қуҳистонӣ омадааст. Низори тахаллуси шоирии ӯст ва Саъдуддин унвони хонадонии онҳост. Аз ин рӯ дар дарбори шоҳон барои фарқи байни шоир ва дигарон Низориро «Саъди акбар» мегуфтанд, ки инро шоир дар «Сафарнома»-аш қайд кардааст.
- Хоҷаи комгор Саъдуддин,
- Ноиби хусрави замону замин.
- Саъди Акбар лақаб ниҳодандаш,
- Мулки дунёву дин бидодандаш.
Низорӣ аз давраи чавонӣ ба тартиб додани як девон кӯшиш мекард ва соли 678 моҳи шаввол, вақте ки ба Табрез меояд, бар рикоби Шамсиддин соҳиби девони хубе гашта, дар рикобаш якчанд мадҳ кардааст. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо баъди якчанд сафар аз ҷумла сафари Табрез ба Қаҳистон бармегардад ва дар ин вақт соҳиби се фарзанд — Нусрат, Шаҳаншоҳ, Муҳаммад мегардад. Вафоти шоирро "Фасеҳи Хавофӣ " дар ҳодисоти соли 721 қайд мекунад. Аз рӯи маълумоти дигар сарчашмаҳо шоир соли 720 вафот кардааст ва дар Бирчанд ба хок супорида шудааст.
Мероси адабӣ
вироишДевони ӯ иборат аст аз қасида, ғазал, таркибот, тарчеот, қитъа, маснавиҳои «Дастурнома» дар баҳри мутақориб, «Адабнома», «Сафарнома» дар баҳри рамали мусаддаси мақсур, аз Хусрав ва Ширин, мунозираи рӯзу шаб ва мактуботи манзум иборат аст. Низории Қуҳистонӣ дар ашъораш асосан султонҳои курдро мадҳ кардааст.
Намуна аз ашъор
вироиш- Агар даст вогири аз кори ман,
- Намонад зи ман чуз ман эй ёри ман.
- Магар ҳам ту раҳмат куни в-арна бас,
- Чи хезад зи гуфтору кирдори ман.
- Сарамро зи дасти иноят бипӯш,
- Магар аз қадам баркаши хори ман.
- Вагар гирди олам бигардониям,
- Ба чуз кӯи ту нест ҳинчори ман.
- Ту берун бар аз ман маро з-он ки нест,
- Сафар кардан аз хештан кори ман.
- Ба чуз рӯи ту нест меҳроби дил,
- Ба чуз номи ту нест такрори ман.
- Макун саргарони, ки тадбир нест,
- Ба бозуи ақли сабуксори ман.
- На охир Низории зори туам,
- Бубахшой бар нолаи зори ман.
- Бисёр умрҳову басе рӯзгорҳо,
- Бигзашту корҳо бинагашт аз қарорҳо .
Эзоҳ
вироиш- ↑ Identifiants et Référentiels (фр.) — ABES, 2011.
- ↑ Gershevitch I., Yarshater E., Frye R. N., Jackson P., Avery P. The Cambridge History of Iran (ингл.) — Cambridge University Press, 1968.
- ↑ Gershevitch I., Yarshater E., Frye R. N., Jackson P., Avery P. The Cambridge History of Iran (ингл.) — Cambridge University Press, 1968. — Vol. 5. — P. 604.
Адабиёт
вироиш- Девони Низорӣ Қаҳистони. Бо эҳтимоми Мазоҳири Мусаффо дар ду чилд. — Теҳрон: Маҳорат, 1371
- Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.2/3. — Теҳрон: Фирдавс, 1366.