Ричард Нельсон Фрай (англ. Richard Nelson Frye; (10.01.1920, Бирмингем, ИМА – 27.03.2014, Бостон, ИМА) — шарқшинос-эроншиноси амрикоӣ, профессор (1969), доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1991).

Ричард Нелсон Фрай
англ. Richard Nelson Frye
Таърихи таваллуд 10 январ 1920(1920-01-10)
Зодгоҳ Бирмингем, ИМА
Таърихи даргузашт 27 март 2014(2014-03-27) (94 сол)
Маҳалли даргузашт Бостон, ИМА
Кишвар  ИМА
Фазои илмӣ шарқшиносӣ, ховаршиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети Принстон, ИМА
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Соли 1941 Университети Принстонро бо ихтисоси таъриху фалсафа ба итмом расонда, дар Университети Лондон ба омӯзиши забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ машғул шудааст. Аз соли 1946 дар Университетҳои Гарвард, Колумбия (ИМА), Гамбургу Франкфурт (Олмон) ва макотиби олии дигар давлатҳо аз фалсафаю таърихи фарҳанги шарқ дарс додааст. Солҳои 1970-1975 вазифаи директори Институти Осиёии Университети Шерозро (Эрон) иҷро карда, 1990-1992 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун профессор аз таъриху фалсафаи Шарқ сабақ додааст. Оид ба масоили таърихи қадими Осиёи Марказӣ ва Эрон, осори хаттии адабиёти қадими мардуми эронинажод, сиккаҳои давлатҳои қадима, сангнавиштаҳои форсии миёна ва портӣ, динҳои қадими эронинажодҳо, адабиёти классикии форс-тоҷик ва ғайра зиёда аз сад таълифот ба табъ расондааст. «Таърихи Бухоро»Наршахиро ба англисӣ тарҷума ва бо шарҳу тафсир нашр сохтааст. Китобаш «Мероси Эрон» ба форсӣ, русӣ, немисӣ, фаронсавӣ, ва дигар забонҳо чоп шудааст.

ба забони русӣ ва тоҷикӣ:

  • Наследие Ирана. – М., 1972;
  • Мероси Осиёи Миёна. – Д., 1991;
  • Наследие Центральной Азии. От древности до тюркского нашествия. – Душанбе, 2000
  • Наследие Ирана. – М.: Издательство Восточная литература, 2002

ба забони англисӣ:

  • The Near East and the Great Powers, Harvard University Press, 1951
  • Iran, George Allen and Unwin, London, 1960
  • The Heritage of Persia: The pre-Islamic History of One of the World's Great Civilizations, World Publishing Company, New York, 1963. Reprinted by Mazda Publishers, 2004. www.mazdapublishers.com
  • Bukhara: The Medieval Achievement, University of Oklahoma Press, 1965. Reprinted by Mazda Publishers, 1997.
  • The Histories of Nishapur, Harvard University Press, (Harvard Oriental Series, 45) 1965
  • Corpus Inscriptionum Iranicarum, vol. III, Dura-Europos, London, 1968
  • Persia (3rd edition) Allen and Unwin, London, 1969
  • The United States and Turkey and Iran, Archon Books, 1971
  • Sasanian Remains from Qasr-i Abu Nasr. Seals, Sealings, and Coins, Harvard University Press, 1973
  • Neue Methodologie in der Iranistik, Wiesbaden, 1974
  • The Golden Age Of Persia: The Arabs in the East, Weidenfeld & Nicolson, London, 1988
  • The Heritage of Central Asia from antiquity to the Turkish expansion Markus Wiener, Princeton, 1996
  • Notes on the Early Coinage of Transoxania; Numismatic Notes, 113, American Numismatic Association, New York
  • Greater Iran, Mazda Publishers, 2005, ISBN 1-56859-177-2
  • Ibn Fadlan's Journey To Russia, 2005, Markus Wiener Publisher, ISBN 1-55876-366-X

Пайвандҳо

вироиш