Николай Басков
Никола́й Ви́кторович Ба́сков (тав. 15 октябри 1976; Маскав, ҶШФСР, ИҶШС) — сарояндаи эстрада ва операи рус (тенор), яке аз маъруфтарин сарояндагони ҷаҳон. Артисти халқии Украина (2004), Молдова (2007), Ҷумҳурии Чечен ва Россия (2009).
Басков Николай Викторович | |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 15 октябр 1976 (48 сол) |
Зодгоҳ | Маскав, ИҶШС |
Солҳои фаъолият | 1989-то ҳол |
Кишвар | Русия |
Пеша(ҳо) | сарояндаи эстрада ва операи рус |
Навъи садо | тенор |
Сабк | опера |
Ҷоизаҳо | |
baskov.ru | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо (2001). Солҳои 2001–03 дар Театри калони Маскав, баъд дар бузургтарин саҳна¬ҳои ҳунарии ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Машҳуртарин партияҳои иҷрокардаи Басков: Ленский (операи «Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский, Владимир Игоревич (операи «Княз Игор»-и А. Бородин, Юродивого (Операи «Борис Годунов»-и М. Мусорский) ва ғ. Ӯ дар баробари сурудҳои классикӣ ария аз операҳо, сурудҳоро дар услуби неополитанӣ, мюзикал, поп ва эстрадаи муосир месарояд. Барандаи ҷоизаҳои мухталифи умумироссиягӣ ва бай¬налмилалӣ дар овозхонӣ, аз ҷумла: сарояндагони ҷавони опера (1998), Grande Voke (Ис¬пания, 1999), «Грамофони тилоӣ», «Муз-ТВ», «Ус-л-уби Сол», «Сарояндаи Сол», «Овози тилоии Россия» (се маротиба). Бо ордени Франсиско Скорини (Беларус) ва медалҳои Россия сарфароз гардидааст.[1]
Сарчашма
вироиш- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 58 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)